ПАРВАРИШИ ХАРГӮШ ДАР ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Қувваталӣ Назиров, муовини директори муассисаи мазкур зимни суҳбат зикр кард, ки айни ҳол дар назди корхона 50 сар харгӯши маҳаллӣ дар шароити хуб парвариш ёфта истодааст.
Номбурда афзуд, ки парвариши ин ҷонвар аз 10 сар оғоз гардида, айни замон ба 50 сар расонида шудааст. Вобаста ба шароит, марҳила ба марҳила саршумори он зиёд карда мешавад.