Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ ТРАНСФОРМАТОР ДАР ХАТЛОН

   Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар соли 2019-ум 350 трансформаторҳои гуногунтамғаро истеҳсол кардааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018-ум 38 адад зиёд мебошад.

Тавре директори корхонаи мазкур Назаралӣ Давлатшоев иттилоъ дод, трансформаторҳои истеҳсолшуда айни ҳол дар ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд. Харидори асосии трансформаторҳо шаркати “Барқи тоҷик” ба шумор меравад. Барои истеҳсоли трансформатор қисмҳои эҳтиётӣ 80 фоиз аз Россия ва боқимонда аз Ӯзбекистону Хитой оварда мешаванд. Соли сипаригардида корхона ба маблағи зиёда аз 24 миллион маҳсулот истеҳсол кардааст, ки назар ба соли 2018-ум наздики 6 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 132,9 фоизро дар бар мегирад. Корхона бо заводи трансформаторбароии Нижний Тагили Федератсияи Россия ва ширкати “Уз нефт”-и Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дорад.  

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки соли равон азнавсозии корхона ва воридсозии таҷҳизоти наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҷҳизоти нав аз Италия ва Россия оварда мешаванд. Баъди ворид шудани таҷҳизоти нав ва насби онҳо дар корхона содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ