Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН

Истифодаи самараноку оқилонаи замин талаботи замон буда, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз замин се - чор ҳосил бардоштан манфиатбахш мебошад.


Татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва пеш аз ҳама, дастрасии деҳқон ба замин имкони воқеӣ фароҳам овард, ки боздеҳи замин баланд гардад. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Холов Шодӣ» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ талаботи замонро хуб дарк карда, ҳар сол аз замин ду - се ҳосил мебардоранд. Айни ҳол дар ин хоҷагӣ, ки чун мактаби таҷрибаи пешқадам эътироф гардидааст, дар қитъаҳои алоҳида беш аз 5 ҳазор бех гулкарам нашъунамои муътадил дорад. Чун обу ҳаво гарм омад, рӯзҳои наздик деҳқонон имкон пайдо мекунанд, ки ҳосилро ба бозор бароранд.

Ҳар сол деҳқонон аз майдони 2 гектар замин ҳосили хуби помидору бодиринг, гулкараму қаламфури булғорӣ, зардолую шафтолу ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва арзонию фаровонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Имсол низ ба истиқболи кишту кори баҳорӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ