ҲУНАРОМӮЗОН СОҲИБКАСБ МЕГАРДАНД

   Дар Литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба тайёр кардани ҳунаромӯзон аз рӯи 8 ихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, хатмкунандагони ин боргоҳи ҳунар имрӯз дар пешрафту ободии диёр ҳиссагузоранд.

Роҳбарият ва омӯзгорону устоҳои таълимӣ - истеҳсолии Литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар кӯшиши онанд,ки шогирдони арзандаи давру замонро ба камол расонанд. Дар ин боргоҳи ҳунар 316 нафар донишҷӯён аз 18 устоҳои таълимӣ - истеҳсолӣ ва 36 нафар омӯзгорон сабақ гирифта,барояшон шароити арзандаи таълим фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютер, мошинаҳои дӯзандагӣ ва таҷҳизоти барқӣ барои омӯзиш ва сайқали ҳунару маҳорат дар ихтиёри ҳунаромӯзон қарор дорад.

Омода кардани ронандагони дараҷаи С, дӯзандагӣ, ҳисобчӣ бо донистани кор бо компютер, барқчӣ, челонгар оид ба таъмири автомобил, кафшергари барқӣ фардо ба рушди соҳибкорӣ,таъмини мутахассисони зарурӣ дар истеҳсолот заминаи мусоид гузошта,дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони бозори меҳнат ва таъмини рушди босуботи дигар соҳаҳо мусоидат мекунад.

Дар ду синфхонаи компютерӣ, ки дорои 40 адад компютер мебошад, синфхонаи дӯзандагӣ ва синфхонаи омӯзиши таҷҳизоти барқӣ, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ ва дигар синфхонаҳои бозгӯ ба талаботи замон ҳунаромӯзон нозукиҳои касби пешакардаашонро аз худ мекунанд. Муҳлати таҳсил баъди хатми синфи 1 Х 2 сол ва баъди хатми синфи 1 як 1 сол муқаррар гардидааст.

Ҳунаромӯзон аз он қаноатманданд, ки ин ҳама аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ,  таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст.

Воқеан, нақши чунин боргоҳҳои ҳунар дар омода кардани мутахассисони оянда муассир мебошад.


Ш. Саидов
Добавить комментарий