ТАЪМИН БО ЛИБОСИ ЯГОНАИ КОРӢ

   Ҳамкории кормандони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон бо роҳбарон, соҳибкорон,фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагон дар самти иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин кардани фурӯшандаҳои бозору марказҳои тиҷоратӣ бо либоси ягонаи махсуси корӣ,нишони сарисинагӣ, пайи амал қарор дорад.

Замони иқтисоди бозоргонӣ, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои мутараққии дунё, узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо будани Тоҷикистон ва эълон гардидани 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тақозо дорад,ки дар бозору нуқтаҳои савдо сифати кору хизматрасониро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифгар бошем. Аз ин нигоҳ бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама фурӯшандаҳо бояд бо либоси ягонаи махсус,нишони сарисинагӣ таъмин бошанд. Дар ин самт Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он вазифадор гардида буданд, ки ин масъаларо таҳти назорат қарор дода, онро дар ҳамкорӣ бо роҳбарону соҳибкорон ва фурӯшандаҳо дар амал татбиқ намоянд. Бинобар ин тибқи нақша - чорабиниҳои таҳрезишуда дар аввал семинар - машваратҳои омӯзишӣ баргузор намуда,моҳият ва зарурати ин масъаларо ба соҳибкорону фурӯшандаҳо фаҳмониданд. Ҳамкории самарабахши мутахассисони  Маркази вилоятии Тоҷикстандарт бо роҳбарон, соҳибкорону фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагон натиҷаи мусбат ба бор овард. Бахусус, дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди бозори Марказии ноҳияи Ёвон аз самари ин ҳамкориҳо 1 ҳазору 542 либоси махсуси ягонаи корӣ ва нишони сарисинагӣ дастраси соҳибкорону фурӯшандаҳои бозор гардид.

- Мо бояд бо хизматрасонии намунавӣ, либоси ягона,нишони сарисинагӣ сифати кору хизматрасониамонро тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда, Ватани худро ба хориҷиён бо либос, хизматрасонии хуб, одоби муошират муаррифӣ карда тавонем, зеро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Тоҷикистон сайёҳон бештар меоянд. Бозорро оинаи шаҳру шаҳрдорӣ меноманд. Онҳо бештар ба бозорҳои мо таваҷҷӯҳ мекунанд. Аз нигоҳи ватандорӣ мо низ бояд ба қабули меҳмонон омода бошем,- изҳор намуд директори ҶДММ бозори марказии ноҳияи Ёвон Отамурод Холмуродов.

- Дар муқоиса нисбат ба дигар бозорҳо метавон кори хуби кормандони ҶДММ бозори марказии ноҳияи Ёвонро дар самти иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат оид ба таъмин намудани либосҳои махсуси корӣ, нишони сарисинагӣ,сифати кору хизматрасонӣ беҳтар арзёбӣ дошт.Талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», риояи талаботи меъёрҳои савдоро ба инобат гирифта, ҳамкориро бо мутахассисони мақомоти назоратӣ густариши тоза мебахшанд,- таъкид дошт сармутахассиси мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон Ҷомаҳмад Гулзода.

Ҳамчунин зимни суҳбату мулоқот бо соҳибкорону фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагон ҳуқуқу вазифаҳои онҳо фаҳмонида мешавад,то ки ба фиреби харидор роҳ дода нашавад. Соҳибкору фурӯшанда бо либоси махсуси корӣ ,нишони сарисинагӣ,муносибат ва одоби муошират аз истеъмолкунанда ба куллӣ фарқ дошта бошад. Истеъмолкунанда дар навбати худ бояд ҳуқуқҳои худро шиносад. Пеш аз харидорӣ кардани молу маҳсулот аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намояд,ба санаи барориш, ҳолати нигоҳдорӣ, тамғагузории маҳсулот, эътибори махсус диҳад.

Дар баробари он, ки фурӯшандаҳои бозор қариб, ки сад фисад бо либоси ягонаи махсус  ва нишони сарисинагӣ таъминанд, тамоми дӯкону мағозаҳои бозор бо лампаҳои каммасраф чароғон гардида, ба тозагии бозор аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.Роҳбарияти бозор мақсад дорад,ки дар ояндаи наздик дар майдони 8 - гектар бозори наву замонавӣ бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосирро дар маркази ноҳияи Ёвон бунёд карда, барои соҳибкорону фурӯшандаҳо ҳама шароити арзандаро муҳайё созад ва зиёда аз 2 ҳазор ҳамватанонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.


Ш. Саидов
Добавить комментарий