БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҚОБИЛИЯТНОКИИ КУМИТАҲОИ МАҲАЛ
Ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ дорои 6 ҳазору 500 нафар аҳолӣ буда, дар ин гӯшаи диёр тоҷикону ӯзбекон дӯстона кору пайкор доранд ва баҳри пешрафту ободии ҷомеа қувваю дониши хешро дареғ намедоранд. Семинар - машварати амалӣ - омӯзишӣ, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Навзамин,Кумитаи маҳаллаи деҳаи Пахтакор ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ - «Маркази дастгирии «Навзамин» - и ноҳияи Дӯстӣ аз ифтитоҳи утоқи кории Кумитаи маҳаллаи Пахтакор оғоз ёфт. Иштирокчиёни ҳамоиш аз ин утоқи корӣ дидан карда, ба шароити кору хизматрасонии масъулин аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Дар қисми назариявии семинар - машварати омӯзишӣ таъкид шуд, ки дар ин ҳамоиш раисони кумитаҳои маҳалла, котибони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар роҳбарони масъули ноҳия ширкат доранд.Тавассути таҷҳизоти электронӣ ва дигар аёниятнокӣ моҳияти мавзӯи «Таъсис ва афзун намудани қобилиятнокии кумитаҳои маҳал баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар деҳот» фаҳмонида шуд. Ҳамчунин дар назди иштирокчиёни ҳамоиш раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол ва дигар намояндагони масъул баромад карда, амалигардонии ин иқдомро дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар деҳот,рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ободонии маҳал муҳим арзёбӣ доштанд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Навзамин, ки яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ буд ин иқдомро дар ҳалли мушкилоти ҷамоат,дастгирии сокинони маҳал иқдоми саривақтӣ ва мусбат маънидод кард.
35 нафар масъулини ҷамоатҳои деҳот ва раисони Кумитаҳои маҳал аз чунин семинар - машваратҳо таассуроти амиқ бардошта, азм доранд,ки дар ҳамкорӣ чунин иқдомҳоро дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дӯстӣ паи амал қарор диҳанд.