Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СЕЛУ ЯРЧ БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ЗИЁН ОВАРД
Бар асари боронгариҳои пай дар пайи моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Муъминобод хисороти ҷониву молӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла 31 – уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монда, ба ҳалокат расидааст.Аз мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи болозикр ба "Сафо" иттилоъ доданд, ки инчунин дар натиҷаи омадани сели харобиовар 16 хоҷагӣ хисороти молӣ диданд.
Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин низ дар натиҷаи омадани селу ярч як қисмати шоҳроҳи Муъминобод - Кӯлоб хароб гардида, кишту кори сокинон, роҳи байни деҳаҳои ҳудуди ҷамоат зарар дидаанд.Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ дар ноҳия ситод бо роҳбарии раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода ташкил шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


