Бойгонӣ
Октябрь 2025 (14)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО

Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.
Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ қабул гардид.
Номинаи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад. Инҳо ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, шаҳраки Манзартеппа, Дайри Будоии Аҷинатеппа, Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Будоии Хишттеппа мебошанд.
Яке аз мавзеъҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қалъаи Ҳулбук”- боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид, нақши махсус дорад. Ин ёдгориҳои нодири таърихии Хуттали қадим бозгӯи онанд, ки тули асрҳои VII-ХVI дар ҳудуди имрӯзаи вилояти Хатлон як давлати мустақилу пуриқтидори асримиёнагӣ арзи вуҷуд доштааст.
ҲУЛБУК – ЁДГОРЕ АЗ АҲДИ БОСТОН
Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 😎 чунин омадааст: “Ҳулбук димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои IX-X пойтахти Хуталон мебошад. Ин қалъаро ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта олими бостоншиноси рус В. Г.Чейлитко кашф намуда буд. Ҳафриёти ин қалъаи таърихӣ диққати дигар олимонро ба худ ҷалб намуд. Соли 1952 олими бостоншинос Б.А.Литвинский, баъдтар бостоншинос Эркиной Ғуломова дар қалъаи Ҳулбук таҳқиқотҳои бостоншиносӣ гузарониданд. Натиҷаи ҳафриётҳо нишон дод, ки шаҳр аз шаҳристон, арк, работ ва қабристон иборат аст. Дар ҳудуди шаҳристон биноҳои истиқоматию хоҷагӣ ёфт шуданд, аммо фақат як бинои он таҳқиқ гардидаасту халос. Тибқи ковшиҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки ин бинои истиқоматӣ (46 х 39 м) буда, аз хишти пухта ва гаҷ сохта шудааст.
Аз қисмати ғарбии шаҳристон ташноб, ҷойи махсус барои партофтани ахлот, системаи гармидиҳандаи манзил, ки аз зери иморат гузаронида шудааст, ёфт гардиданд.
Кишваршинос М. А. Варигин яке аз аввалин олимонест, ки дар бораи мавқеи аниқи ҷойгиршавии шаҳри Ҳулбук пешниҳоди мушаххас намуд. Вай ҳудуди шаҳрро мавриди таҳқиқу ташхис қарор дода, ба чунин хулоса омадааст: “Аз тамоми музофотҳои Хатлон соҳилҳои дарёҳои Сурхоб (Ҳулбук) ва Ахшу (Яху) ҳам аз лиҳози шароити зист, ҳосилнокии замин, ҳам аз лиҳози стратегӣ қисмати асосӣ ба шумор мерафтанд... Яъне, дар гирду атрофи он мавҷуд будани монеаҳои рафтуо, саддҳои душворгузари табиӣ, ба мисли кӯҳу дараҳо, ағбаҳои баланд ва аз ҷануб дарёи пуртуғёни Ому кафили дифои Ҳулбук аз ҳамаи душманон ва пешгирии иқлими ноустувор ба ҳисоб мерафтанд”.
Танҳо соли 1952 ба олимони бостоншинос Б.А. Литвинский ва А. Давидович муяссар гардид, ки ҷойи аслии ҷойгиршавии ин шаҳри қадимаро дар ҳудуди имрӯзаи деҳаи Қурбоншаҳид (ҳоло Меҳробод) -и ноҳияи Восеъ муайян намоянд.
Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, асарҳои таърихнигорон ва ҷуғрофидонҳои асримиёнагӣ шаҳри Ҳулбук ҳамчун пойтахти Хуттал ёдовар шудааст.
Шаҳри Ҳулбук (асрҳои 9-10) пойтахти Хатлони бостонӣ ҳамчун иншооти нодири асримиёнагии меъморӣ – бостоншиносии дараҷаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, намунаи беҳтарини шаҳрдорию шаҳрсозӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва умуман мардуми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ ЗОЛИ ЗАР ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Тибқи кофтуковҳои бостоншиносӣ ин ёдгории таърихӣ аз якчанд қабатҳои маданӣ иборат буда, ба он далолат менамояд, ки аз замони Юнону Бохтар то давраи асрҳои миёна ин шаҳрак ҳамчун маркази муҳими сиёсию фарҳангӣ ва тиҷорату тамаддун арзи ҳастӣ доштааст.
Золи Зар дорои санъати баланду нодири меъморӣ буда, ҳамаи ҷузъиёти шаҳрдории асримиёнагӣ ба мушоҳида мерасад. Дар маркази шаҳристон чашмаи калон мавҷуд будааст, ки тамоми шаҳрро бо оби хунуки мусаффо таъмин мекардааст.
Мавҷудияти тулонии шаҳр далели равшани устувории зиндагию рӯзгори мардум, табодули фарҳангҳо дар ин қисмати сарзамини Хуттали таърихӣ мебошад.
Дарозии умумии ёдгории Золи Зар 390 метр ва паҳноии он дар қисмати шимол 180 метр ва дар тарафи ҷануб 150 метр мебошад. Қалъа бо девори мустаҳками баландиаш аз 6 то 8 метр иҳота гардидааст. Паҳноии девори мазкур дар қисмати бунёдӣ ба 8-10 метр ва дар қисмати боло ба 1-1,5 метр мерасад. Яъне девори мудофиавӣ дар поён паҳн буда, мутаносибан ба тарафи боло борик мешавад, ки ин шакли сохт албатта барои мустаҳкам ва пуриқтидор боқӣ мондани девор хизмат мекунад. Тибқи ақидаи бостоншиносон дар маҷмуъ 24 адад бурҷ атрофи қалъаро иҳота карданд.
Қалъаи шаҳраки Золи Зар дорои 3 дарвоза будааст, ки паҳноии ҳар кадоми онҳо то 8 метр мерасид. Дарвозаҳо низ бо бурҷҳои муҳофизатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дарвозаи асосии шаҳр дарвозаи шимолу шарқӣ буд.
Боқимондаҳои ёдгории Золи Зар дар деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти Корез ҷойгир буда, майдони 7,5 гектар заминро ташкил медиҳад.
Кофтукобҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгории таърихӣ соли 2020 аз нав оғоз гардиданд.
Имрӯзҳо дар ёдгории Золи Зар ковишҳои бостоншиносӣ аз тарафи гурӯҳи олимон аз кишвари Русия ва Фаронса идома дорад.

Таснифи Аъзам Бобоев
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019