Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 окт 15:12АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот
ХИЗМАТ БА ВАТАН – МАКТАБИ ШУҶОАТ ВА САДОҚАТ
Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, чорабинии расмӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони сохторҳои дахлдор, сафарбаршавандагон, ки аксаран ифтиёриён буданд, волидайни онҳо ва дигар намояндагони ҷомеа ширкат варзиданд.
Ҷавонон бо рӯҳияи баланд ва парчамҳои давлатӣ дар даст аз комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоӣ карданд.

Дар оғози чорабинӣ, баъди садо додани Суруди миллӣ комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, генерал-майор Амонуллозода Аминҷон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни рухсат намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро қироат намуд.

Баъдан муовини раиси вилоят Қурбонзода Амирхон суханронӣ намуда, аз болоравии ҳисси ватандӯстии ҷавонон, такмили шароити хизмати ҳарбӣ ва нақши хидмат дар тақдири ҳар ҷавон изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт, ки ҳамасола маросими гусели ҷавонони матин, далеру қавииродаи вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ баргузор мегардад. Ин худ нишонаи олии ватандӯстии ҷавонон, садоқат ба давлату миллат, пуштибонӣ аз истиқлоли давлатӣ ва болоравии худшиносии миллӣ ва ғайрати ҷавонмардонаи фарзандони Ватан мебошад.

Муовини раиси вилоят ҳамзамон иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар баҳри таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида, дар натиҷа шароити зисту будубош ва заминаи моддию техникии қисмҳои низомӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст.
Маҳз ҳамин омил аст, ки даъвати ҷавонон аз вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали маърака пурра иҷро мешавад. Бо эҳсоси ифтихор бояд гуфт, ки ҷавонони далери мо ба сафи Артиши миллӣ пайваста, нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал таъмин месозанд, ки ин иқдом дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон падидаи беназир ба шумор меравад.
Ӯ дар ин рӯзи пуршараф, аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сидқан ҷавонони даъватшаванда ва волидайни онҳоро табрик ннамуда, барои иҷрои рисолати бузурги ватандорӣ ба онҳо ташаккур гуфт.

Дар идома, Мавзуна Собирова, модари даъватшаванда аз шаҳри Бохтар, бо эҳсоси баланди ифтихор аз писараш ва даъват ба ватанпарварӣ дар байни ҷавонон изҳори назар намуда, иброз дошт, ки “Барои мо, модарон, чизе хушҳолкунандаву пуршарафтар аз он нест, ки тамоми аъзои хонавода, бахусус фарзандон, дар сари як суфра ҷамъ бошанд. Ва ин ҷамъомади самимӣ, албатта, ба шарофати амнияту суботи кишвар ба вуқӯъ омадааст.
Агар замини мо амн набошад, хонаводаҳо низ дар оромӣ зиндагӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳар як модар бояд фарзанди худро тарбия кунад, ки ҳифзи марзи Ватан, амнияти хонавода ва наздиконашро муқаддас шуморад. Меҳру муҳаббат, ростқавлӣ ва дӯстиро бояд дар қалбҳо парвариш кард.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бояд мояи ифтихору сарфарозӣ барои ҳар як ҷавон бошад. Ман бо ифтихор мегӯям, ки модари хушбахтам, зеро писарам бо иродаи қавӣ роҳи хизмат ба Ватанро интихоб кардааст. Ҳамчунин бо ифтихор мегӯям, ки шумо – сарбозони кишвари азизамон намунаи далерӣ, садоқат ва муҳаббат ба мардум ва Ватан ҳастед. Мо, модарон, дуо мекунем, ки Худованд ҳамеша ба шумо қуввату шуҷоат ато намояд”.
Дар идома яке аз даъватшавандагон – сокини ноҳияи Муъминобод Асламзода Аношервон суханронӣ намуда, даъватшавандагонро ба хизмати содиқона даъват намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Имрӯз, баъди хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мерававад.
Чорабинии мазкур бо барномаи консертии ватандӯстона идома ёфт, ки аз суруду таронаҳои пурмазмуну рӯҳбаландкунанда иборат буда, ба фазои чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид. Чунин чорабиниҳо на танҳо арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, балки омили муҳими баландбардории рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ миёни ҷавонон мебошанд.
М. Акрамов, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



