Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД
Хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ёвон нақшаи ҳосили пахтаро ба андозаи беш аз 100 фоиз иҷро намуда, то инҷониб 22 ҳазору 268,4 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Ин нишондод дар миқёси шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон аз ҷиҳати ҳаҷми супориш ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷойи якумро ишғол мекунад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ доданд, чунин дастовард дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал ба кишоварзону пахтакорони ноҳия муяссар гардида, руйдоди таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Соли равон дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10 ҳазору 485 гектар кишти пунбадона ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон тавонистанд дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва ҳамкорӣ бо олимони соҳа дурнамои ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро намоянд.
Феълан дар саҳро ҳосил фаровон буда, масъулин азм доранд то кӯраки охирин ин ашёи хоми саноатиро ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо барои иҷрои дурнамо туҳфаҳо тақдим намуд.
Бояд қайд кард, ки аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон то инҷониб ду шаҳру ду ноҳия, аз ҷумла Левакант, Бохтар, Дӯстӣ ва ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии пахтаро таъмин намуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



