Бойгонӣ
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ

“Проблемаи марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, кам ё беш ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Об на танҳо манбаи ҳаёт, балки асоси вуҷуду пойдории табиат ва инсон аст. Ҳаёт бе об тасаввурнопазир буда, он бо дигар омилҳои табиӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз бо шарофати ин неъмати ҳаётбахш, зиндагии мо сарсабзу шукуфон ва муҳити зист ободу зебо мемонад. Ҳар як ободиву рушд, ҳар як сабзиши табиат бо об пайвастагӣ дорад.
Ниёгони фарҳангпарвари мо обро рамзи покӣ, шукуфоӣ ва сарчашмаи зиндагӣ меҳисобиданд. Ба ҳамин хотир, миёни мардум мақоле паҳн шудааст, ки аз арзиши баланди об шаҳодат медиҳад: «Баҳои косаи об ҳамвазни як ҷаҳон аст».
Имрӯз, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар минтақа ҷойгоҳи хос дорад. Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 947 дарёҳои хурду бузург мавҷуд буда, он имкони хубе барои дастрасии оби тоза ба сокинон фароҳам овардааст.
Дар ҳамин замина, Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии ноҳияи Панҷ яке аз сохторҳои фаъол дар самти обрасонӣ ба ҳисоб меравад. Ин корхона солҳои зиёд ба таъмини аҳолии шаҳраки Панҷ ва бархе аз деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Озодагон ва Кабуд Сайфиддин бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ба иттилои Гулбиддин Саидов, директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии ноҳияи Панҷ моҳи октябри соли 2016 бо дастгирии ташкилоти байналхалқии Jica (Ҷайка)-и кишвари Ҷопон пурра азнавсозӣ карда шуд.
Арзиши умумии лоиҳа 15 миллиону 410 ҳазору 898 доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағ барои корҳои сохтмонӣ, хариди воситаҳои техникии муосир ва дигар таҷҳизоти зарурӣ масраф шудааст.
Бо татбиқи лоиҳаи Такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Панҷ, ки аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардид, ҳазорон сокини ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.
Ба иттилои масъулин, оби тоза аз чор чоҳи амудӣ бо чуқурии 105 метр ба даст оварда мешавад. Дар марҳилаи аввал, дар бинои безараргардонӣ ба он хокаи хлор илова мегардад. Сипас, об ба манораи обтаъминкунӣ бо баландии 36 метр (яке аз калонтаринҳо дар вилояти Хатлон) ва ҳаҷми 1800 метри мукааб интиқол ёфта, захира мешавад. Аз он ҷо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ба аҳолӣ дастрас мегардад.
Мавриди зикр аст, ки иқтидори корхона сол то сол васеъ гардида истодааст. Соли 2020 панҷсад хоҷагӣ дар деҳаҳои Авангард ва Чаманистон бо оби ошомидании тоза таъмин шуданд. Ҳоло дарозии умумии қубурҳои обгузари корхона 110 километрро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 2019–2021, ба манзилҳои сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Озодагон оби тозаи нӯшокӣ расонида шуд. Ҳамзамон, дар назди манзилҳои сокинон ва муассисаҳо 4767 адад таҷҳизоти обкашӣ бо обченкунакҳо насб гардидааст.
Имрӯз Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ба 5730 муштарӣ, 50 муассисаи буҷетӣ ва 137 ташкилоти ғайрибуҷетӣ хизмат мерасонад.
Мувофиқи нақшаи роҳбарияти корхона ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии JICA (Ҷопон) имконияту иқтидори корхона боз ҳам васеъ мегардад. Қарор аст, ки аз соли 2026 сокинони ду деҳаи ҷамоати деҳоти Меҳвар низ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шаванд.
Ба гуфтаи сармуҳандиси корхона Нурулло Нақибов, пойгоҳҳои обкашӣ ба таври пурра автоматӣ идора шуда, бо технологияи муосири олмонӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин таҷҳизот хосияти сарфакунӣ ва ҳифзи неруи барқ дорад, ки самаранокии кори корхонаро бештар менамоянд.
– Кормандони корхона сари вақт бо музд, либосҳои махсуси мавсимӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ таъмин буда, бехатарии онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад, – афзуд Нақибов дар идомаи суҳбат.
Масоҳати умумии Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии ноҳияи Панҷ 6 гектарро дар бар мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки заминҳои наздиҳавлигии корхона самаранок ва ҳадафмандона истифода мешаванд.
Имсол, бо заҳмати кормандон ва нигоҳубини дуруст, аз парвариши зироатҳои гуногун, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодирингу каду, ҳосили фаровон ба даст омад. Ҳамзамон, боғи корхона, ки дорои дарахтони гуногуни мевадиҳанда мебошад, ҳосили зиёд дод. Дар натиҷаи заҳмати кормандон, даҳҳо тонна себ, зардолу, шафтолу, гелос ва олуча ҷамъоварӣ гардид, ки гувоҳи муносибати оқилона ба истифодаи захираҳои мавҷуда мебошад.
Хушбахтона, серобӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби мусаффо дар шароите сурат мегирад, ки Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари саршор аз обҳои зулол шинохта шудааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба масоили об ба таври васеъ қадрдонӣ менамояд. Дар ҳамин замина, ташаббуси чоруми байналмилалии Тоҷикистон – эълони солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, яке аз иқдомҳои муҳим ва стратегии кишвар маҳсуб ёфта, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ҳамчун қадами устувор дар ҳифзи захираҳои обӣ пазируфта шудааст.
«Бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо, мо дар оянда низ саъй хоҳем кард, то хизматрасониро дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монем», – иброз дошт дар анҷоми суҳбат директори корхона Гулбиддин Саидов.

Аъзам Бобоев, ноҳияи Панҷ
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019