Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ
Дар замони Истиқлол, масъалаи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат табдил ёфтааст. Дар ин мусоҳиба, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода оид ба тадбирҳои амалишуда ва мушкилоти мавҷуда дар тарбияи ватандӯстӣ миёни насли наврас андешаҳои худро баён менамояд.
– Ба назари Шумо ватандорӣ чист ва масъулияти ҳар як шахс дар назди Ватан чӣ гуна бояд ифода ёбад?
– Масъулияти ватандорӣ танҳо вазифаи як ниҳод ё гурӯҳи муайян нест. Чунонки устод Муҳаммад Ғоиб бо зеботарин вожаҳо фармудаанд:
Дар ватандорӣ ҳама бояд гузоранд саҳми худ,
Кори як кас нест бурдан парчами номусро.
Ҳар шаҳрванде, ки имрӯз дар хоки муқаддаси Ватан бо амну субот умр ба сар мебарад, бояд қадри ин неъматҳоро донад ва дар нигаҳдории он саҳмгузор бошад. Маҳз ҳамин оромиву субот аст, ки имкон медиҳад мардум бо ифтихор аз истиқлол ва муҳаббат ба Ватан сухан бигӯянд.
Ватандорӣ бояд танҳо дар сухан не, балки дар амал таҷассум ёбад. Ҳатто шинондани як ниҳол, тоза кардани роҳе ва нигоҳдории муҳити зист низ намунаҳои равшане аз ватандӯстӣ мебошанд.
Имрӯз ҷавонони бонангу ори Тоҷикистони соҳибистиқлол зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди миллӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмини амният ва бунёди фардои дурахшон нақши муҳим доранд. Ин далели равшани бедории сиёсӣ, ватандӯстӣ ва ҷавонмардии насли муосир аст.
– Барои бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон чӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд?
– Бо пешниҳоди бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва ташаббуси Раёсат, соли 2023 мо “Корвони дидор”-ро роҳандозӣ кардем. Гурӯҳи волидайни сарбозон ба қисмҳои низомии ВМКБ ва Суғд сафар карда, бо шароити хизмати фарзандон шинос шуданд. Баъди бозгашт, худи модарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки “шароити қисмҳои ҳарбӣ аз шароити хонаи мо беҳтар аст”.
– На танҳо барномаҳои расмӣ, балки муҳити хонаводагӣ низ нақш дорад, ҳамин тавр?
– Албатта. Тарбияи ватандӯстӣ аз домони модар оғоз меёбад. Вақте волидон дар гирди суфра дар бораи Ватан ҳарф мезананд, кӯдак ин муҳаббатро дар худ ҷой мекунад. Ҷомеаи орому босубот ва дастовардҳои истиқлол низ дар ташаккули ватандӯстии насли нав таъсири амиқ доранд.
– Оё таҳаввулоти солҳои охир дар сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон низ таъсиргузор будааст?
– Бешубҳа. Агар солҳои пеш ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мушкил буд, имрӯз ин раванд осон ва ихтиёрӣ шудааст. Ду соли охир нишон дод, ки нақшаи даъват дар як рӯз пурра иҷро мешавад. Ин аз болоравии сатҳи ватандӯстӣ ва маърифат шаҳодат медиҳад.
– Бархе ҷавонон ҳанӯз ҳам нисбати арзишҳои миллӣ бетарафанд. Сабаб дар чист?
– Сабабҳо гуногунанд: муҳити оилавӣ, ҷомеа ва сатҳи дониш. Ҷавоне, ки донишманд аст, масъулиятро ҳис мекунад. Аммо касе, ки аз мактаб ва таълиму тарбия дур мондааст, эҳсоси ватандӯстӣ камтар дар ӯ пайдо мешавад.
– Чаро баъзе ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд ва дар ин самт чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
– Албатта, ҷавонон табиати таъсирпазир доранд ва гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки аз ин истифода баранд. Аммо имрӯз теъдоди чунин ҷавонон хеле кам шудааст. Имрӯз сатҳи дониш, огоҳӣ ва таҳлили воқеии ҷавонон боло рафтааст. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ манфиатҳои шахсӣ ва сиёсӣ доранд. Мо низ тадбирҳои муассир, аз ҷумла ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ, маърифатӣ ва тарғиботиро ба роҳ мондаем. Варзиш имрӯз ба яке аз воситаҳои асосии таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ табдил ёфтааст.
– Пас, роҳҳои асосии тақвияти ватандӯстӣ кадомҳоянд?
– Пеш аз ҳама, оила, ҷомеа ва мактаб. Аз сухани модар оғоз шуда, дар кӯдакистон ва мактаб такмил ёфта, дар донишгоҳ таҳким меёбад. Ин раванд зина ба зина ҷараён мегирад. Мо итминон дорем, ки ҷавонон аз ин мактаби ватандӯстӣ сабақ мегиранд ва содиқона ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.
– Сипосгузорем аз суҳбати самимӣ ва маълумоти муфид. Умед дорем, ки ҷавонон аз ҳар як сухани Шумо барои ташаккули шахсияти худ сабақ мегиранд. Дар фаъолияти Шумо муваффақият мехоҳем!
– Ташаккур барои таваҷҷуҳ, сипосгузорам. Мо ҳамеша омодаем, то бо ҷавонон бошем, онҳоро ҳидоят кунем ва дар роҳи ватанпарастӣ ҳамқадам шавем.
Мусоҳиб М. Акрамов, "Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



