Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Роҳҳои Ҷайҳун таъмир шуда истодаанд
Аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ, давоми 9 моҳи соли равон даҳҳо километр роҳҳои мошингарди ноҳияи Ҷайҳун аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.
Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи болозикр Шарифҷон Сайҷонов иброз кард, дар ин муддат асосан он роҳҳое таъмир карда шуданд, ки ҳолати ногувор доштанд. Дар ин кор саҳми Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун назаррас мебошад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки давоми соли ҷорӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ низ таъмир карда шуданд.
Инчунин бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва техникаҳои муассиса бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ қисмати зиёди роҳҳои ноҳияи Ҷайҳун аз таъмир бароварда шуданд.
Дар ин баробар 3 пули мошингузар бо дарозии 48 метр таъмир шуда, дар канори роҳҳо 41 аломати роҳ насб гардида, дар 18 километр роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуданд.
Шарифҷон Сайҷонов иттилоъ дод, ки дар анбори муассиса барои мунтазам ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт дар фасли зимистон 201 куб маводи зидди лағжиш, 3 метри кубӣ њезум, 1 тонна ангишт ва зиёда аз ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шуда, ҷойи истироҳати кормандон пурра таъмир гардидааст. Техникаҳои корхона низ аз таъмир бароварда шуда, дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.
Феълан дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун 255,8 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мавҷуд аст, ки марҳила ба марҳила онҳо аз таъмир бароварда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



