Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФИРЕБХӮРДА
ҲАҶВИЯ
Панҷ – шаш ҷӯяки картошкаҳои ҳотаро канда, ба навъҳо ҷудо карда, ба бозори чаканафурӯшии шаҳр бурданӣ будам. Бори ман як халта – тахминан 50 – 55 килограмм буд. Ҳафтаи сипаришуда дучархаи ҳамсояамон Набиҷонро, ки наппа нав буд, ба маблағи 675 сомонӣ харидам. Нисфи пули дучарха ҳоло қарз дар гарданам.
Халтаи картошкаро озод бардошта, рӯйи бормонаки дучарха гузоштам. Бо ресмонча халтаро мустаҳкам ба рамаи дучарха баста, роҳи бозорро пеш гирифтам. Деҳқонбозор аз одам пур. Ман аз дучарха фаромада, халтаи картошкаро аз дучарха озод бардошта, дар паҳлуям монда, харидоронро интизорӣ мекашидам. Лаҳзае нагузашта як писараки қадпасти дар сараш тоқичаи сиёҳпӯш ба наздам омад. Ӯ бештар ба дучархаам зеҳн мемонд, ки инро ман баъдтар пайхас намудам. Ниҳоят он писарак ба ман муроҷиат кард:
- Бародар, картошкаатро мефурӯшӣ ?
- Ҳа, албатта, маҳсулотро барои фурӯхтан ба бозор меоранд,- гуфтам ман ва илова кардам, - агар харидор бошӣ, марҳамат, нарх гузор.
- Акаҷон, ман ҳамин халтаи картошкаи туро мехарам. Чанд пул месупорӣ ?,- гуфт ӯ.
- Як саду панҷоҳ сомонӣ. Марҳамат, агар картошкахар бошӣ ба ту мефурӯшам,- гуфтам ман.
- Арзон намешавад?-гуфт писараки картошкахар.
- Майлаш, ман даҳ сомониашро барои ту арзон мекунам,- гуфтам ба ӯ.
Ҷавон розӣ шуда, дар назди ман як шарт гузошт.
- Бародарҷон, хонаи мо ҳу дар ошёнаи панҷуми он иморати шашқабата аст,- бо имои ангушти бузургаш ба сӯйи биноҳои бисёрқабата ишора кард писарбачаи харидор.
- Агар ба ман кумак расонда, борро бо дучархаат то назди иморати мо бурда мерасондӣ, шод мегардидаму маблағи гуфтагиатро ба пуррагӣ медодам, - ва илова кард,- чунки бо ин қомати паст борро бардоштани ман душвортар.
Ман розӣ шуда халтаро то назди иморати нишондодаи он «харидор» овардам. Бачаи картошкахар гуфт:
- Ана расидем. Мо дар қабати панҷуми ҳамин иморати шашошёна, ки аз тарафи чап ҷойгир аст, зиндагӣ мекунем. Дар рӯйи дари хонаи мо рақами «27» навишта шудааст. Ман халтаи вазнинро пуштора карда, то қабати панҷуми бино бароварда наметавонам. Илтимос, ҳамин бори маро якбора худат то ба хонаи мо бурда мерасондӣ. Аз дучарха дилпур бош.То омаданат нигоҳ мекунам. Маблағи картошкаро ман вақти омадан ба падарам телефон карда гуфтам. Борро, ки расондӣ, он кас пулро ба ту ҳисоб карда медиҳанд,- гуфт.
Моҳи шарифи Рамазон. Ман рӯзадор. Ба обу арақ ғӯтавар шуда, ба ошёнаи панҷум сари китф бори вазнин баромадам. Тугмачаи занги дарро пахш кардам. Як марди паҳлавонҷусса онро дар рӯ ба рӯям боз кард. Ман ба сухан даромадам:
- Писаратон аз ман картошка харид. Илтимос кард, ки борро то хонаатон бароварда диҳам ва маблағашро дар хона ҳисобӣ мекунанд, гуфт ӯ. Он марди паҳлавонҷусса ҳайрон – ҳайрон ба ман нигоҳ карда гуфт:
-Мебахшед, ман писар надорам. Ду нафар духтарчаам дар ин айёми таътили тобистона ба хонаи модаркалонашон ба деҳа рафтаанд. Парерӯз аз деҳа бародарам ду халта картошка фиристода буд.
Баъди ин суханҳо аз ман бахшиш пурсида, дарро ба рӯям пӯшид.
Ман аз қабати панҷуми иморат бо ҳамон бори гарон ба поён фаромадам. Чун ҷавонро бо дучархаам назди баромадгоҳи иморат надидам, дуд аз димоғам баромад. Ба содагии худ ҳам механдидаму ҳам ғазаболуд мегардидам. Барои он механдидам, ки мани паҳлавонҷуссаро як писарчаи пастқомати дар ҷусса чандин маротиба хурдтар аз худам фиреб кард.
- Хайрият, халтаи картошка дар фоидаам монд, - худро тасалло додам дар дил ва бо бори вазнин ба бозор баргаштам…
Ҳотам ҲОҶӢ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



