Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 сен 14:25АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маърифат ва тандурустӣ / Сохтмон ва меъморӣ
Ифтитоҳи маркази саломатӣ
Бо иқдоми соҳибкорзан Фирӯза Шамсова дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхиси-табобатии тиббӣ бунёд гардид. Дар рафти ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми мамлакат Имомзода Муҳаммадюсуф ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён иншооти мазкур бо харҷи 530 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 20 нафар табибон соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд.
Марказ бо тамоми таҷҳизоти муосири таббӣ таъмин шуда, ба сокинони маҳаллӣ хизматрасонии баланди тиббӣ мерасонад.

Роҳбарияти ноҳия иқдоми соҳибкорзан Фирӯза Шамсоваро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли мамлакат туҳфаи арзанда шумурда, ин зани чашмикордонро бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Аксҳо аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



