Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ёди шаҳидони Ватан
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам ватандорист.
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам ватандорист.
Муҳаммад Ғоиб
Салоҳиддин дар муҳити хонаводагие ба дунё омадаву тарбия ёфтааст, ки барои зодмандону фарзандони оила мафҳумҳои Модар, Ватан ва миллат азизу муътабар буд. Барои рушду пешрафти ҷомеа саъю талош намуда, ба Модар Ватан хизмати содиқона анҷом доданро рисолати худ дар зиндагӣ медонистанд. Салоҳиддин Гадоев 17 январи соли 1993 дар деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Маълумоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Ҷомбахт гирифта, сипас ба Академияи олии ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шуда, соли 2015 онро бомуваффақият хатм кард. Падараш Раҳмоналӣ Гадоев омӯзгори фанни таърихи Коллеҷи техникии Тоҷикистон, модараш Сабзамоҳ Хайриддинова хонанишин аст. Салоҳиддин оиладор соҳиби се фарзанд буду бо ҳамсару кӯдаконаш дар ноҳияи Масчоҳ дар хонаи иҷора зисту зиндагонӣ дошт. Ӯ дар ҳодисаи 29 апрели соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд рӯйдода ҷон бохтааст.
Бародаронаш Аҳрорҷон, Сайдаброр, Холмурод, Содиқ ҳама соҳиби маълумоти олӣ, оиладор буда, ҳар кадоме соҳиби 4-5 фарзанд буда, ду нафари аввал дар шаҳри Душанбе ва ду нафари дигар бошанд, дар ҳавлии падар зиндагӣ доранд. Дар хоҷагии Раҳмоналӣ Гадоев алҳол се келин ва 11 набера якҷоя зиндагӣ дорад. Манбаи рӯзгори онҳо 3 га замини хоҷагии деҳқонӣ ва се сар чорвои калони шохдор аст.
Духтари Салоҳиддин сесола ва писарчаҳояш яке якунимсола ва дувумӣ панҷмоҳа аст. Ин афсари далеру шуҷои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ диловариву матонат нишон дода, то рутбаи майор мушарраф гардидааст. Дар рӯзҳои охири ҳаёташ вазифаи масъулиятноки Сардори дидбонгоҳи ноҳияи Масчоҳро ба дӯш дошт ва чанд рӯз пеш аз оғози ин ҳодисаи нангин барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба маркази вилояти Суғд сафарбар гашта буд.
Дар вақти ба амал омадани задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳимояи марзу буми Ватан ба Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара роҳ пеш мегирад ва рӯзи 29.04.2021 дар задухӯрди мусаллаҳона аз тири снайпер ба ҳалокат расид.

- Салоҳиддин дар байни ҳамаи писарони ман ҷойи худро дошт, як бачаи ҷиддӣ, нексиришт одамдӯсту ватандӯст буд. Ба пиру барнои деҳа бо ҳама меҳрубон буд. Вақте ки аз Қазоқистон ва ё аз дигар ҷойҳои кор ба деҳа барои хабаргирӣ меомад, ба аёдати ҳамсояҳо рафта, ҳамаро як-як ҳолпурсӣ мекард,- мегӯяд падари Салоҳиддин.
- Салоҳиддин соли 1993 ба дунё омад, ки дар Тоҷикистон ба тозагӣ ҷанги бародаркуш ба поён расида, сулҳу салоҳ ҳукмфармо буд.
Дар рӯзҳои аввали мотамхона шудани манзили мо роҳбарияти вилоят омада аз ҳолу аҳволи мо хабар гирифтанд, баъди рафтани онҳо ба мо каме кумак расониданд. Писари мо рисолати худро иҷро кард, дар роҳи Ватан ҷони худро нисор кард,- ашк аз дида рехта изҳор медорад падари Салоҳиддини шодравон Раҳмоналӣ Гадоев.
- Ҳар саҳар телефонӣ суҳбат мекардем, аммо дар мавриди кору бораш ҳарф намекушод. Он рӯзи шум баъди нисфирӯзӣ чанд маротиба ба вай занг задам аммо ҷавоб намедод. Баъдан аз ҳамхизматҳои Салоҳиддин шунидам, ки дар он рӯз чӣ ҳодиса рух додаву писари ман чӣ гуна дар роҳи ҳифзи сарҳади кишварамон ҷони худро фидо намудааст.
Падари ҷигархун лаҳзае сукут ихтиёр намуда, суханашро идома медиҳад: - Аз шаш нафар писаронам чаҳор нафарашон соҳиби маълумоти олӣ буда, хизмати Модар Ватанро адо намудаанд, писари хурдиам дар курси чоруми факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.
Қурбон Хоҷаев, омӯзгори фанни физикаи мактаби деҳаи Ҷонбахт иброз медорад, ки давоми 5 соле, ки Салоҳиддин Гадоевро аз фанни физика дарс додааст, дар симои ӯ шогирди босаводу ояндадореро медид, ки бо хислатҳои ҳамидааш миёни ҳамдарсон муаррифӣ шуда буд. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, намунаи ибрат барои ҳамсолонаш буд. Вақте Салоҳиддин ба Академияи олии ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шуд, ба хонаам омада дуо гирифта буд ва ҳамин тавр, ҳар бори ба деҳа омадан ба аёдати мо меомад.
Ба гуфтаи падари Салоҳиддин аз тарафи роҳбарияти вилояти Хатлон ба ӯ ваъда намудаанд, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба хотири дастгирӣ ва таъмини хонаводаи онҳо бо манзили истиқоматӣ иқдомҳое гирифта шудааст. Ҳамзамон, шояд дар оянда ягон кӯча ё мактабе ба ифтихори номи писари мо номгузорӣ шавад. Бовар кунед, ман дар мавриди қадрдониҳои ҳукумат нисбати фарзандони шуҷои худ чизе талаб надорам, зеро писари ман қарзи худро назди Ватан адо намуда, дар ин роҳи пуршараф шаҳид шудааст. Аммо, ба ифтихори шаҳидони роҳи Ватан номгузорӣ кардани мактаб ё кӯчаву деҳае барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон таъсири ниҳоят муҳим мерасонад, иброз медорад Раҳмоналӣ Гадоев.
Билоли ШАМС, ноҳияи Ховалинг
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ