Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧОРАБИНИИ БОШУКУҲИ ҲИЗБИЁНИ ХАТЛОН ДАР БОХТАР
Дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тантанаҳои истиқлол” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла маҳсули ҳунари бонувон манзури иштирокдорон гардонида шуд, ки аз тамоми гӯшаву канори вилоят ҳунармандон маҳсули дастони хешро пешниҳод намуда буданд. Боиси зикр аст, ки роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои наҷибу созандаеро рӯи кор оварда, аз ҷумла ба самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ гурӯҳи фейсбукӣ таҳти унвони “Маҳсулоти ҳунармандӣ” таъсис дода шудааст, ки василаи муфиди тарғиби молу маҳсулоти ҳунармандон мебошад.
Дар чорабинӣ Ҳакимзода Қурбон - раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Азизи Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ин баробар, роҳбарони сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аъзои фаъоли ҳизб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ҳамчунин санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар байни сокинони вилоят бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси маҳалла (деҳот)”, “Меҳмонхонаи беҳтарин дар (манзили истиқоматӣ)”, “Ташкилоти ибтидоии сол (дар деҳот)”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча (деҳа) ва “Хонаи тоза” ҷамъбаст гардидаанд
Боиси ифтихъор ва сарфарозист ки кучаи “Хатлон” -и маҳаллаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар наоминатсияи “Беҳтарин кӯча” сазовори ҷойи якуми гардида барандаи мукофот ва ҷоизаи озмун гардид.
Дар идома, як қатор фаъолон барои саҳми арзанда ва муносиб гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бо Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо мукофоти давлатии Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ аз шаҳри Бохтар – Зубайдов Ҳакимшо, Хайрулло Асадулло, Соҳибов Зубайдулло, Бобохонзода Рустам, Сафарбекзода Ҳукмиддин, Баҳодуров Шамсулло бо сипосномаҳои Кумитаи иҷрияи марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандон барномаи мукаммаи ҳунариро пешниҳод намуданд.
Толибзода Толиб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



