Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Қубодиён хуб дар хотир доранд, ки солҳои пеш барои таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо барқ чи маҳдудияту мушкилот ҷой дошт. Шукри тараққиёти диёрамон, ки имрӯз мо ба истиқлолияти энергетикӣ расидем.
Бо талошу кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сангтӯда 1, Сангтӯда 2 ва якчанд неругоҳҳои хурду миёна иншооти бузурги аср - неругоҳи барқӣ-обии Роғун бунёд ёфт ва аз самараи онҳо аллакай мардуми кишвар баҳравар гардида истодаанд. Ҳоло на танҳо чароғи хонаҳо фурӯзон, балки ҳар кӯчаву маҳалла ва ҳатто деҳоти дурдаст низ шабонгаҳ равшан аст. Асосаш сокинон дар ҳамаи фасли сол 24 соат бо барқ таъминанд.
Имрӯз дар ноҳияи Қубодиён деҳае намондааст, ки мушкилоти барқ дошта бошад. Дар ин давра баҳри таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқи хушсифат ва аз байн бурдани сарбории аз меъёр зиёди трансформаторҳо, ки зуд-зуд боиси хомӯш гардидани барқ ва нороҳатии мардум мегардид, иловатан дар маҳалҳои аҳолинишин беш аз 100 адад трансформатор иваз ё насб гардидаанд.
Хатҳои барқӣ, симчӯбҳо ва дигар лавозимоти фарсудашудаи замони Шӯравӣ иваз карда шуданд. Бояд гуфт, ки ҳамаи биною иншооте, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Ватан қомат афрохтаанд, бо барқ таъмин гардида, имрӯз дар истифодаи умум қарор доранд. Ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи иттифоқию сарҷамъии мардум дар атрофи Сарвари ғамхорамон ва пойдории сулҳу субот кишвари азизамон мебошад.
Баҳодур ЭРГАШЕВ, роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



