Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАТРАЕ АЗ БАҲРИ ИСТИҚЛОЛ
Бузургтарин дастоварди мо - тоҷикон Истиқлолияти комили Ватани азизамон аст. Агар ба солҳои гузашта бо назари нек нигарем, бараъло эҳсос менамоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба чӣ музаффариятҳо ноил гардидем. Беҳтарин самараи истиқлол таҳкими сулҳу субот ва зиндагии хубу осоиштаи сокинон дар диёри зебоманзарамон мебошад.
Мо ҷавонони худогоҳ аз масири таърих огоҳем, ки падарону модарони мо солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ чи рӯзҳоеро паси сар намуданд. Ободию шукуфоии имрӯзи Ватанро дида, ифтихор аз Пешвои маҳбуб ва миллату давлати худ мекунем. Зеро дар саргаҳи ин ҳама дигаргуниву пешравиҳо сарвари оқилу раиятпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки зиндагиномаи он кас бароямон намунаи олии ибрат аст.
Имрӯз барои рушди мо ҳамаи шароиту имконият фароҳам оварда шудааст. Дар донишгоҳ таҳсил мекунем, дар толору майдонҳои варзишии замонавӣ ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мешавем ва дар дар дилхоҳ соҳа шуғл меварзем. Имрӯз садҳо нафар ҳамсолони мо тариқи Квотаи президентӣ ва ё аз ҳисоби давлат дар беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дониш омӯхта, мутахассиси баландпояи касби худ гашта истодаанд. Ин баёни андешаи ман қатрае аз баҳри самари истиқлол аст. Моро лозим аст, ки ба қадру қимати ин Ватан расему ҳар пораи хоки он муқаддас дониста, ҳифз намоем.
Наҷибулло ВАЛИЕВ, донишҷӯ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



