Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Буёди 26 синфхонаи иловагӣ дар Дӯстӣ
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ сохтмони 26 синфхонаи иловагӣ, ду китобхона ва як маҷлисгоҳ бомаром идома дошта, онҳо то ин ҷашни фархунда ба истифода дода мешаванд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода иброз дошт, синфхонаҳои иловагӣ дар назди ҳашт муассисаи таълимӣ бунёд шуда, 650 нафар толибилмон дар як баст бо ҷойи нишаст таъмин хоҳанд шуд.
Аллакай бо дастгирии аҳолии маҳал ва Бекмурод Холов роҳбари хоҷагии деҳқонии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ муассисаи таълимии №8-и ба номи Ҷумъагелдӣ Ҷумъақулов сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Инчунин бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ҷурабек Муҳибов дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “Навзамин” бинои иловагии муассисаи таълимии №38 барои ба таҳсил фаро гирифтани 150 хонанда дар як баст ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти таҳсил бунёд гардида, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон ҳуҷҷатгузории бинои нави шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии №6, 14, ва 33 ба охир расида, корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд шуд.
Ба иттилои мудири маориф бунёди бинову синфхонаҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки хонандагон дар шароити беҳтари таълимӣ таҳсил карда, малакаи донишу маҳорати хешро зиёд намоянд.
Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ 54 муассисаи таълимӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 26 ҳазору 595 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



