Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
10 муассисаи тиббӣ барои солимгардонӣ
Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти солимии мардум-бойигарии давлат муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ саъю талош доранд.
Бинобар маълумотҳои масъулини муассисаи мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ 10 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони як маркази саломатии деҳотӣ ва як бунгоҳи саломатӣ дар арафаи анҷомёбӣ аст. Ҳамзамон, дар тамоми муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия корҳои таъмиру ороишӣ идома дорад. Дар ин давра аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ як адад дастгоҳи рентгени рақамӣ, як адад дастгоҳи ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ дастрас гардидааст. Ҳамзамон аз ҳисоби ЛОИҲАИ СИНО ба марказҳои саломатии деҳотӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ таҷҳизоти тиббӣ ва ғайри тиббӣ оварда, пурра муҷаҳҳаз гардонида шуд, - мегӯяд роҳбари муассисаи КАТС-и ноҳияи Восеъ Азиззода Б.И.
Бинобар иттилои Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Восеъ, таъмири капиталии бинои Беморхонаи марказии ноҳия моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта, айни замон таъмири он ба анҷом расонида шуда, барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй будани беморхонаи мазкур дар назар аст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Маблағи умумии таъмир ва аз нав кардани ҳама ашёву таҷҳизоти Беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 2,7 миллион евроро дар бар гирифта, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки рушди Олмон амалӣ шуда истодааст.
Дар назар аст, ки ин муассисаи тандурустӣ дар рўзҳои ҷашни 30 - солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Беморхонаи навбунёд дорои 470 нафар кормандони сатҳи гуногун аст, ки аз ин шумора 49 нафарашон табибон мебошанд. Дар беморхона 10 шуъбаи бистаринамоӣ ва 6 ҳуҷраи ёрирасон фаъолият дорад, ки дар як вақт барои 197 нафар кат омода мебошад. Табибону масъулони Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Восеъ бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии кишвар изҳор медоранд, ки фароҳам гардидани шароити мусоиди кору зиндагӣ бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ба даст омада, ҷавобан ба дастгириҳои Роҳбарияти олии мамлакат, онҳо низ дар иҷрои рисолати бар зимма доштаашон саъю кӯшиш хоҳанд кард, то ҷашни фархундаи кишварамонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
С.ХАЛИЛИЁН, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



