Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРНАМОИИ ХОТИРА
Мушкилот бо хотира на танҳо бо одамони синну солашон калон, балки ҷавонон ҳам рух медиҳад. Хусусан, дар даврони пешравии ҷаҳони имрӯза бо вазнинҳои бузурги он ба асаби инсон ва тарзи нодурусти истеъмоли ғизо.
Маҳсулоти аввале, ки хотираро мустаҳкам менамояд, ин сирпиёз мебошад. Сирпиёз дорои равғанҳои эфирӣ аст, ки ҷамъшавии липидҳоро дар хун паст намуда, бо ин васила «ифлосшавии» рагҳои хунгардро бартараф менамояд. Истеъмоли тару тоза ин мањсулот барои беҳтар намудани хотира хеле муфид аст ва ҳамчунин онро ба таомҳои гуногун илова кардан мумкин аст.
Дар ҷойи дуюм, барои беҳтар намудани хотира, ду растанӣ - розмарин ва шалфей меистанд. Ин ду растаниро ба таому нӯшокиҳо илова кардан мумкин аст. Махсусан розмарин ба таомҳо ва шалфей барои нӯшокиҳо хуб аст. Чой аз шалфей зеҳн ва диққатро баланд мекунад.
Дар ҷойи сеюм, чун мустаҳкамкунандаи хотира себ меистад. Истеъмоли себ субҳ, давоми рӯз ва шом ҳам барои хотираро беҳтар намудан хеле муфид мебошад.
Маҳсулоти чоруми хотираро нафъбахшанда тухм мебошад. Зардии тухм дар таркибаш моддаи холин дорад, ки дар баробари сафедаҳо ва витаминҳо барои беҳтар гардидани хотира мусоидат менамояд.
Маҳсулоти панҷуми хотираро беҳтаркунанда растании топинамбур мебошад, ки дар боғ байни дигар гулҳо тамоми тобистон мерўяд. Решаи он ба картошкаҳои дарозрўяи каҷу килеб монанд аст, ки маҳз он дар таркибаш оҳан, кремний, синк, магний, калий, марганетс, фосфор, калтсий, витаминњои А, Е,С, В1,В2 дорад ва барои мустаҳкамшавии хотира мусоидат менамоянд.
Албатта, пеш аз истеъмоли ҳар яки ин маҳсулот ҳар як шахс вобаста ба миҷозаш тавсияи мутахассиси тибро гирифтанаш хуб мебуд.
Таҳияи С. ЗАРНИГОР
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



