Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУКРОНА
Таронаи қаноат
Эй рӯди Вахш, ба мавҷҳои пурталотумат нигариста, гузаштаи начандон дуратро пеши назар меорам. Гузаштае, ки дар қалбам нақше боқӣ монд, то ҳол ба он дард марҳаме наёфтаам.
...Дар лаби соҳили Вахш зиндагии тинҷу осудае насибамон гашта буд. Ману ду додарам ва хоҳарам ҳамроҳи волидайнам хушу хурсандона ба сар мебурдем. Ҳамшираам ҳамагӣ 5 моҳа буду мо тифлакони кӯчаку маъсуму нозпарвари падару модар қалбамон пур аз шодию фараҳ дар атрофашон парвонавор чарх мезадем. Вале ин рӯзҳои хуш дер давом накард. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардиду нооромии ба хонадони сокинони Вахшонзамин асари хешро боқӣ гузошт. Заҳри он коми моро низ талх гардонид. Падарам рӯзе ба кор рафта, дигар ба хона барнагашт. Аз деҳаҳои гирду атроф садои тир ба гӯш мерасид.
Дар яке аз рӯзҳои мудҳиш тири дайдуе қалби модарам шикофт. Ягона умеду орзуи мо-тифлакон модари азизу меҳрубонамонро аз мо рабуд. Чаҳор ятиму хору зор, бо дили афгор, гоҳе гуруснаву гоҳ ташна рӯзамонро мегузаронидем. Хешу ақрабои падарам аз баргаштанаш умедашонро канда, мо-ятимонро рӯйи хуш намедоданд. Ман ҳамагӣ 12-сол доштам. Аз ғурбати хешу ақрабо гурезон шудам. Мустақилона аз пайи ризқу рӯзии додарону хоҳарам мешудам. Гоҳе ба нафаре алаф меовардам, гаҳи дигар молҳои мардумро мечаронидам. Луқмае дарёфт карда, рӯзамонро мегузаронидам. Амакҳоям азоби манро дида, мехостанд моро аз ҳам ҷудо намоянд, вале қалби кӯчакам ба ин розӣ намешуд. Чунки ман худро дар назди волидонам қарздор меҳисобидам. Мо бояд ҳамчун бародар додарону хоҳарамро зери қаноти хеш мегирифтам. Ҳамроҳи азизони дилам рӯзе аз хонаи амакҳоям фирор намудем. Хоҳарам дар оғӯшам, додаронам дастодаст чӣ қадар роҳ рафтем, намедонам. Азбаски ҳаво сард буд, дар истгоҳе хостам шабро рӯз намоем. Фарзандони падарамонро дар оғӯш гирифтам, ғанабамон бурдааст. Бо нолиши додараки хурдиям бедор шудам, ки мегуфт:- акаҷон, гурусна мондам, нон деҳ.
Худро ҳақиру нотавон ҳис намудам, чунки лоақал бурдаи ноне набуд, ки ба ӯ диҳам. Бо сад азоб ӯро ором карда, ба андеша рафтам, ки фардо ба мо чӣ мешуда бошад, аз куҷо барои онҳо нон ёбам. Як рӯзи сарди зимистон бароям дуру дароз намуд. Бо ин андешаҳо он шаб хобам набурд.
Дар яке аз ин рӯзҳои сахти боронӣ дар роҳ мондем, на деҳае наздик буду на бурдаи ноне боқӣ монда. Дар назди дарахти азмҷуссае бозистода, лаб зери дандон монда, кӯдаконро дар оғӯш гирифтам. Гарчанде шамоли сахт мевазид, аз хунуки меларзидем, вале ноумед нашудам. Ногоҳ аз дур нақлиёте намудор шуд. Ронандаи он аз наздамон гузашта рафту боз каме ба ақиб баргашта, ба сӯямон омад.
-Дар ин нимашаб ба куҷо меравед? Чаро худатон танҳоед? Магар шумо хунук намехӯред?-гӯён саволборонам намуд.
-Падарам беному нишон шуду модарам аз тири дайдуе моро тарк намуд. Мо ҷое рафтан надорем. Чанд рӯз боз дар ба дару овораем-гуфтам.
- Хайр, ҳеҷ гап не. Ба мошин шинед, ман ба шумо кумак мерасонам-гуфта, ронанда моро ҳамроҳаш бурд.
Пас аз тановули ғизо каме ба худ омадем. Он марди сахӣ дастамонро гирифт. Ба хона-интернати кӯдакони ятиму бепарастор ҷоямон намуда, ҳафтае ду маротиба аз аҳволамон хабар мегирифт, то мо азоби ятимиро накашем.
... Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд. Ватанамон низ обод мешуд. Роҳбари давлат мо-ятимони кулро бо ғамхорӣ фаро гирифта, аз чизе танқисӣ надоштем. Мо ятимон низ ба воя расида, таҳти ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат соҳиби маълумот гардида, дар соҳоти гуногун фаъолият дорем. Ман имрӯз шукрона менамоям, ки Худованд чунин Пешвои миллатро насибамон гардонидааст, ки нисбати ятимону бепарасторон ғамхориҳои падарона менамояд. Аз Яздони пок илтиҷо менамоям, ки Пешвои моро ҳамеша нигаҳбон бошаду сарбаланду сарфароз гарданд...
ШАБАФРӮЗ
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
МАҲБУБИ КӮДАКОН



