Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ БЕМОРХОНА ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Аз нишастҳои матбуотӣ
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши наздик ба 7 миллион сомонӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” беморхонаи панҷошёнаи хуштарҳу замонавӣ бунёд хоҳад шуд.
Директори коллеҷи мазкур Иброҳим Мусоев зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки беморхона аз 30 кат иборат буда, дар он тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ насб карда мешавад.
Аллакай лоиҳаи он омода буда, корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз мегардад ва қарор аст, то ду соли оянда беморхона бояд сохта шавад.
-Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино маркази ташхисӣ ҷойгир карда мешавад. Ошёнаи дуюм беморхона буда, дар он 30 кати рахти хоб бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ошёнаи сеюм ва чорум ҳамчун ҳуҷраҳои таълимӣ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Самти асоси беморхона ба бемориҳои даруна, аз қабили роҳҳои нафас дилу рагҳо ва меъда равона хоҳад шуд, - гуфт И. Мусоев.
Феълан дар коллеҷи мазкур 1703 нафар донишҷӯ дар чор шуъба аз рӯи ҳафт ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 548 нафар дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 1155 нафар дар гурўҳҳои шартномавӣ таҳсил карда истодаанд.
Сулаймон Султонов
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



