Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СУТ аз таҳдиди гунаи ҳиндии «делта» дар кишварҳои бар коронавирус пирӯзшуда ҳушдор медиҳад
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ ҳушдор додааст, ки гунаи «делта» тахрибкортар маҳсуб меёбад. «Гунаи делта»-и коронавирус қобилияти бештари сирояткунандагӣ дорад ва нисбат ба гунаҳои ошкоршуда 60% бештар гузарандатар аст.
Давраи инкубатсионии он кӯтоҳтар аст ва то ҳафт рӯз идома меёбад. Ба ҳисоби миёна, як нафари гирифтори «гунаи делта» -и коронавирус метавонад 5-6 нафарро сироят кунанд, дар ҳоле ки аз гунаҳои дигар, ки дар гардиш мебошанд 3-4 нафар сироят меёбанд. Тибқи таҳқиқоти охир, ба гирифторони гунаи «ҳиндӣ» -и коронавирус эҳтимоли бистарӣ шудан ва фавтидан бештар таҳдид мекунад. Касоне, ки ба гунаи «ҳиндӣ» сироят ёфтаанд, дарди шадиди буғумҳо ва шикам, дилбеҳузурӣ ва қайкуниро эҳсос мекунанд. Беморӣ метавонад боиси каршавӣ ва лахташави хун дар рагҳои дастҳо ва пойҳо гардад.
Бинобар ин, гунаи «делта» барои Тоҷикистон таҳдиди нав аст. Дар ин бора 30 июн, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемиологӣ таҳти роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода дастур доданд, ки тадбирҳои маҳдудкунандаи қаблан қабулшуда шадидтар карда шаванд, хабар додааст АМИТ «Ховар». Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки масъалаи эмгузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, таъминоти доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, дезинфексияи муассисаҳои таълимии тамоми сатҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



