Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАҲВИ ДОРУВОРИҲОИ МУҲЛАТАШОН ГУЗАШТА
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва дар асоси мактубҳои муассисаҳои фармасевтию тандурустии ҳудуди вилоят 349 намгуй, 54 ҳазору 39 адад маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта несту нобуд карда шуд.
Сардори раёсати ниҳоди болозикр Маҳмадҷон Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки вазни умумии дорувориҳои муҳлаташон гузашта, 3 тоннаю 326 килограмм буда, маблағи онҳо 450 ҳазору 677,6 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Дар ин баробар аз ҷониби шахсони масъули муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ 54 номгӯй ба миқдори 9316 адад ва аз тарафи муассисаҳои фармасевтии ин минтақа 130 номгӯй ба миқдори 6529 адад маводҳои дорувории муҳлаташон гузашта несту нобуд карда шуданд.
Маҳмадҷон Абдулқодирзода ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ва Раёсати минтақаи Кӯлоб оид ба қонунвайронкуниҳо 124 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии ҷаримаҳо 214 ҳазору 300 сомониро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



