Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 36 ҲАЗОР АҲОЛИИ ВИЛОЯТ ВАКСИНА ГИРИФТАНД
Аз нишастҳои матбуотӣ

Бо мақсади ташаккул ёфтани масунияти ҷамъиятӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии сироятёбӣ ба вилояти Хатлон 37 ҳазору 220 вояи ваксинаи зидди бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 ворид гардида, 36 ҳазору 200 нафар аҳолии вилоят ваксина гирифтанд.
Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода зикр кард.
Номбурда гуфт, ки аз шумораи умумии ваксина гирифтаҳо 22 ҳазору 527 нафарашон кормандони соҳаи тандурустӣ буда, боқимонда сокинони аз 60-сола боло мебошанд.
Ба иттилои ӯ айни замон дар вилоят се ташхисгоҳи вирусологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Данғара бо тамоми таҷҳизоти наву замонавӣ барои муайян кардани ташхиси саривақтии COVID-19 фаъолият дошта, рӯзҳои наздик боз ҳамин гуна як ташхисгоҳи дигар дар ноҳияи Қубодиён ба кор шурӯъ хоҳад кард.
-Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус аз ҷониби кормандони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои дезинфексионии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, масҷидҳо ва маҳалҳои зисти сокинон мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин дар миёни сокинони вилоят ҷиҳати пешгирии паҳшавии ин бемории ҳамагир пайваста корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда истодааст, изҳор дошт М. Раҷабзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


