Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мавҷҳои худшиносӣ
Овони мактабхонӣ шефтаи пешаи омӯзгорӣ буду ба гоҳи омода намудани вазифаҳои хонагӣ соатҳо рӯ ба рӯи оина истода, ба устодони мактабиаш, бахусус, модари худ тақлид намуда, маърӯзахонӣ мекард. Манбаи шавқу ангезаҳои ӯ ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи модараш буд, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи кӯдакон аз омӯзгорони пешоҳанги мактабҳои ноҳия маҳсуб меёфт. Ба гоҳи шунидани қиссаҳои дилошӯби даврони донишҷӯии модар ҳиссиёти бузурге дар замири Мунира туғён карда, хатми таҳсилоти миёнаи умумиро бесаброна интизорӣ мекашид.
Пайроҳаи қисмат
Бо мурури солҳои таҳсил дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, оғози фаъолияти касбӣ дар мактаби зодгоҳаш ва минбаъд хатми шуъбаи ғоибонаи факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абўабдуллои Рӯдакӣ, аз таҷрибаи беҳтарин маорифчиёни вилоят баҳравар гардид. Пайроҳаи тақдир ӯро ба шаҳри Бохтар овард, ки фаъолияти минбаъдаи худро ҳамчун мураббии Муассисаи давлатии таълимии томактабии №7-и шаҳри Бохтар -«Булбулакон» оғоз кард.
-Дар солҳои аввали фаъолият дар ҷодаи таълиму тарбияи томактабӣ тасмим доштам, ки дар аввалин фурсат ба пешаи омӯзгорӣ бармегардам, - риштаи суҳбатро мекушояд Мунира Ризоева. - Аммо бо гузашти начандон вақт ба хулосае омадам, ки дар тарбияи инсон ва ташаккули зеҳнии насли ояндаи ҷомеа зинаи томактабӣ нақши ниҳоят муҳим мебозад. Натиҷаи саъю талошҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, бозомӯзиву дарёфти усулҳои судманди тарбия ва табодули таҷрибаи собиқадорони соҳа буд, ки борҳо сазовори ифтихорномаҳо гардида, ҳаминак, баъди ғолибият дар даври вилоятии озмуни «Мураббии сол» ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтам.
Дарвоқеъ ҳам, қаҳрамони матлаби мо то расидан ба орзуву ҳадафҳои пешгирифтаи худ ба ҳайси беҳтарин мураббияи шаҳр ва вилояти Хатлон эътироф шуданаш, дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ мушкиливу монеаҳои зиёдро паси сар намудааст.
Қиссаи остони падар
Мунира Ризоева, дар деҳаи Қурбоншаҳид имрӯза Меҳрободи ноҳияи Восеъ дар хонаводае зодаву ба воя расидааст, ки падар саргарми фаъолияти соҳибкорӣ буду тарбия ва таълими донишҳои ибтидоии фарзандони хонаводаро модар бар зимма дошт, ки ба симати муаллимаи синфҳои ибтидоӣ миёни ҳамдеҳагон соҳибэҳтиром буд.
- Модарам орзуманди ҷалби таваҷҷуҳи ман ба пешаи омӯзгорӣ буд, ки аз хурдсолиам гоҳе маро ҳамроҳаш ба мактаб мебурд. Маҳз бо шарофати модар мо, фарзандон ҳанӯз аз 5-6 солагӣ аллакай ҳарфҳои алифбо ва ҳисобу китобро аз бар карда будем, - аз айёми кӯдакиҳои худ қисса мекунад Мунира. – Баъдан, ҳангоми таҳсил дар синфҳои болоӣ устоди фанни забон ва адабиёти МТМУ №4 шодравон Асо Атоев дар баробари бедор намудани шавқи забономӯзиву адабиётшиносӣ дар ташаккули зеҳнии ману ҳамдарсонам нақши ниҳоят бузург гузоштааст.
Овони таҳсил дар гурӯҳҳои забонҳои хориҷии коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон дар мактаби деҳа аз фанни забони хориҷӣ дарс мегуфтам. Баъди оиладор шудан ва идомаи зиндагӣ дар шаҳри Бохтар ба соҳаи тарбияи томактабӣ шавқу рағбати бепоён пайдо намуда, итминон дорам дар ин ҷода ба муваффақиятҳои зиёди эҷодӣ ноил мегардам.
Дар арсаи худсозиҳо
Ба гуфтаи Мунира Ризоева барои дар кори таълиму тарбияи томактабӣ муваффақ шудан, раҳнаварди ин ҷодаро донишу салиқаи суханварӣ мебояд, то ин ки таваҷҷуҳи кӯдаконро ба машғулиятҳо ҷалб карда битавонӣ. Барои боварии кӯдаконро ба даст овардан мураббиро мебояд, ки дар муносибат бо тарбиягирандагон мисли модар ба фарзанди худ рафтор намояд. Баъдан, ҳар гоҳе, ки мураббӣ аз бозомӯзиву ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дур монд, ба ҳамин андоза аз олами кӯдакон ва кори таълиму тарбия дар фосила мемонад.
-Ташкилу баргузории маҳфилу озмунҳои касбӣ,аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол” дар кору фаъолияти минбаъдаи иштирокчиёни он такони ҷиддӣ мебахшад. Бинобар, ин новобаста ба натиҷаи он ман солҳо боз орзуи иштирок намуданро дар ин озмун доштам. Тараддудҳои омодагӣ бо озмуни “Мурабии сол”, изтиробу ҳаяҷони пеш аз баромад, интизории натиҷаҳои марҳилаҳои аввали озмун аз лаҳзаҳои хотирмоне буданд, ки иштирокчиёнро барои дар оянда беҳтару хубтар фаъолият намудан таҳрик медиҳад. Биноан, бузургтарин дастовард аз иштирок дар ин озмун ин омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва такони эҷодие баҳри дар оянда азму талошҳои бештар намудан дар ҷодаи тарбияи томактабӣ арзёбӣ мегардад,-иброз медорад Мунира.
Мунира Ризоева мураббияи ҷавонест, саршори завқу рағбати беандоза ва меҳру садоқати бепоён ба касбу масъулияти бар зимма доштаи хеш. Бемуҳобо, ҷаҳду талошҳои ҳамешагиаш дар ин ҷода аз ишқу муҳаббати бепоён ба кӯдакон ва пешаи дӯстдоштааш сарчашма мегирад. Бо азми пайравӣ аз модари бузургвораш ва устоди донишгоҳиаш шодравон Соҷидамоҳ Акалаева, ки ҳаёту ҳастии худро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас бахшида буд, Мунира Ризоева низ дар ин ҷодаи пурифтихор саъю талошҳо менамояд,то рисолати интихобнамудаи худро бо сари баланд иҷро намояд.
Юсуфи СОБИР
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”