Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Корҳои ободонӣ дар деҳоти Даштигуло
Дар баробари дигар шаҳраку деҳоти кишварамон имрӯзҳо корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои гуногуни ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мароми тоза идома дорад. Соҳибкорону саховатмандони деҳоти Даштигулои ноҳия дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар баҳри рушду ободии маҳалу рустоҳои хеш саҳми худро мегузоранд.
- Барои бунёди пули байни деҳаи навбунёди ба номи Изатулло Шарифов ва деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло, ки танҳо барои сохтмони таҳкурсиаш 250-300 ҳазор сомонӣ масраф шудааст, иловатан барои қисмати болоии он ҳамин миқдор маблағи дигар лозим меояд,– мегўяд, Ҳабибулло Исматов, раиси Ҷамоати деҳоти мазкур. - Дарвоқеъ, дар овони Шўравӣ ягона роҳи пайвандгари деҳа ба марказ тавассути деҳаи Тагноб буд, ки масофаи роҳро 2-3 км зиёд мекард. Ҳамакнун, бо бунёди ин пул равуои садҳо нафар сокинони ду деҳа ба дигар маҳаллаҳои атроф осон мегардад. Сокинони ин деҳаҳо то кунун аз кўпруки чўбини барои пиёдаравҳо танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ истифода мекарданд.
Ҷумъахон Ҳасанов, ки дар гузашта муҳандиси собиқ хоҷагии Ленин буда, солиёни охир дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, инак баъди бозгашт ба Ватан дар бунёди пули мазкур фаъолона иштирок дорад. Зеро сохтмони пули пайвандкунандаи ду деҳот ба дигар маҳаллаҳо орзуи деринаи ҳамдеҳагонаш буд. Илова ба бунёди пулу сангфаршнамоии роҳҳои деҳа сокинон ба дигар корҳои хайр, аз ҷумла, бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Бинобар гуфтаи раиси маҳаллаи Файзободи деҳоти Даштигуло Акбар Маҷидов мардум ташнаи чунин амалҳои хайранд, аммо барои таҳрики онҳо ба иқдомҳои дастаҷамъӣ нафари ташаббускору роҳнамо лозим аст.
Дар тақвияти суханони ҳампешаи худ - раиси деҳаи навбунёди ба номи Изатулло Шарифови деҳоти мазкур Ҳамид Шарифов иброз медорад, ки то имрӯз мушкили рақами 1-и сокинони ин маҳаллаи навбунёд дар фасли зимистон ин равуои фарзандонаш ба мактаб буд. Бо ба истифода додани пул роҳи рафту омад ба мактабу бозор ва марказҳои деҳоту ноҳия чанд баробар наздик хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки имсол дар назди Ҷамоати деҳоти Даштигуло Корхонаи манзилию коммуналӣ таъсис дода шудааст, ки айни замон корҳои асосии сохтмони пулро иҷро намуда истодаанд. Ин корхонаи худмаблағгузор айни замон 4-5 нафар коргар дошта, тамоми корҳои таъмиру сохтмониро дар ҳудуди деҳоти Даштигуло ба уҳда дорад. Дар баробари бунёди пул имрӯз бо дастгирии сокинони деҳаҳои атроф 2,1 киллометр корҳои тахту ҳамворкунии роҳи байни деҳот ба анҷом расонида шуда, давоми сол мумфарш карда мешавад. Ба гуфтаи Ҳабибулло Исматов, раиси Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ маблағи таъмири танҳо масофаи 2 км 100 метри роҳи байни ҷамоат ҳудуди 2 миллион сомониро дар бар мегирад.
-Ҳамчунин, ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусу маблағгузории сокинон ва соҳибкорони деҳоти Даштигуло таъмири асосии бинои Ҷамоати деҳот, қасри фарҳанг ва маҷлисгоҳи МТМУ №52 ба анҷом расонида шудааст. Корҳои таъмиру азнавсозии беморхонаи минтақавии маркази деҳоти мазкур дар арафаи анҷомёбист.
Корҳои хайру саховатмандии сокинони деҳоти Даштигуло ҳанўз даҳ - понздаҳ сол пеш вирди забони мардум буд. Дар мисоли ҳунарманди мӯзадӯз Соҳиб Наҷмиддинов, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ дар канори роҳи мошингарди Гулистон - Фархор ҳудуди деҳоти Даштигуло як истгоҳи замонавӣ бо нуқтаи обнўшӣ мавриди истифода қарор дод. Ҳамчунин, ин марди сахӣ дар чанд мавзеи деҳот нуқтаи оби ошомиданӣ сохта ба истифода дод. Айни замон Соҳиб Наҷмиддинов дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва масъулони Ҷамоати деҳоти Даштигуло мақсад доранд, ки баъди бозгашти ӯ ба Ватан ин марди ҳунарманду ташаббускорро роҳбари корхонаи навтаъсиси таъмириву коммуналии «Тозакор»-и деҳоти худ таъйин намоянд, то ин ки орзуву ҳадафҳои ободгароиашро дар диёри хеш идома диҳад.
Билоли ШАМС, ноҳияи Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



