Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Бохтар кучаеро ба номи Ҳасани Муродиён гузоштанд
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар имрӯз 24 июни соли ҷорӣ дар Иҷлосияи навбатии хеш яке аз кӯчаҳои маҳаллаи “Истиқлол”-и шаҳрро ба номи профессори марҳум Ҳасани Муродиён гузоштанд.
Қарори дахлдори номгузориро дар вазъияти тантанавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Низом ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба фарзанди Ҳасани Муродиён Зокир Ҳасан тақдим намуданд.

Тавре Зокир Ҳасан ба “Сафо” иттилоъ дод, номгузорӣ шудани кӯча аз ҷониби як гурӯҳ сокинон ва устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав пешниҳод шуда, фаъолони маҳалла онро дастгирӣ ва ба комиссияи номгузории Маҷлиси вакилони халқи шаҳр манзур карданд.
Аз ин иқдоми вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аҳли оилаи Ҳасани Муродиён хушнуд гашта, миннатдории хешро ба нафароне, ки дар ин кори шоиста саҳмгузор буданд баён карданд.

Ёдовар мешавем, ки профессор Ҳасани Муродиён 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Вахш мебошад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро соли 1979 ба итмом расонидааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 33-и ноҳияи Вахш ва баъдан саромӯзгор, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба илм, декани факултети таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон кор кардааст. Аз соли 2008 то замони реҳлат ба ҳайси мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ифои вазифа кардааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



