Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии иншооти мазкур шинос шуданд.
Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад.

Масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил дода, бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муосири муассисаи нави таълимӣ ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фармавсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.
Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст.
Дар ошёнаи якум ва дуюми бино синфхонаҳои барҳавои дандонсозӣ, анатомия, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кимиё, китобхона ва дар ошёнаҳои дигар ҷиҳати дар шароити хуб таҳсил намудани донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ бо имкониятҳои муосири илмомӯзӣ бунёд гардидааст.

Дар ҳуҷраи дандонсозӣ як адад дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки таввасути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад.
Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузоштанд. Аз рӯи тарҳ бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим таъмин карда мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки соҳибкорон ва шахсони ватандӯст дар ноҳияи Данғара дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониро дар деҳот ва маркази ноҳия вусъат мебахшанд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назаррас ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонданд.
Гирду атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дарахтони сояафкан ва гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз оро дода шуда, намои шабонаи иншоот бо насби чароғакҳои равшандиҳанда ба симои ноҳия зебоии дигар зам менамояд.
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



