Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 352 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сиёвуш Ҳакимзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки дар ҳудуди ноҳия дар доираи ин ҷашни фархуна 340 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар натиҷаи корбарию коргузории саривақтӣ, аз нақша зиёд, яъне 352 иншоот бунёд гардид, ки 104 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди бунёди ин ҳама иншоот беш аз 2 ҳазор ҷои корӣ муҳайё гардида, сокинони ноҳия бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Аз иншооти сохташуда, 110 адади он ба соҳаи маориф, 21 адад ба соҳаи тандурустӣ, 7 адад ба соҳаи фарҳанг, 5 адад ба соҳаи варзиш, як иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 20 адад маркази савдо ва хизматрасонӣ, 7 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 8 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад биноҳои истиқоматии баландошёна ва 30 адади дигар дигар бинову иншооти хоҷагии халқ буда, ҳамаи онҳо дар доираи ин ҷашни пурифтихори миллат бунёд гардидаанд.
Гуфта шуд, ки феълан дар беш аз 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ


