Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Дар таътили тобистонаи имсола беш аз 11 ҳазор кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимию томактабии шаҳри Бохтар ба лагеру истироҳатгоҳҳои назди муассиса ва берун аз шаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин хусус мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ба “Сафо” иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, дар мавсими имсола, дар маҷмӯъ 11 ҳазору 120 нафар кӯдакону наврасон дар се марҳила ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуда, аз ин теъдод 450 нафарашон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд.

Ҳамзамон аз ин шумора 4500 нафар ба истироҳати назди муассисаҳои томактабӣ, 1010 нафар ба лагерҳои назди муассисаҳои таълимӣ, 170 нафар ба лагери меҳнатӣ – истироҳатӣ, 750 нафар ба лагерҳои варзишию беҳдоштӣ ва 4200 нафар ба лагерҳои фароғатию таълимӣ ҷалб карда мешаванд.

-Феълан дар назди 21 муассисаи таълимӣ 1010 нафар кӯдакону наврасон ба лагерҳои назди муассисавӣ ҷалб гардида, ба онҳо як вақт хӯроки гарм дода мешавад. Инчунин барои фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити истироҳату фароғат фароҳам гардида, кӯдакону наврасон бо хушнудӣ дар ин лагерҳои иштирок намуда истодаанд. Ҳамзамон дар назди 19 муассисаи томактабии ҳудуди шаҳри Бохтар дар маҷмӯъ 4500 нафар кӯдакон ба лагерҳо ҷалб гардида, барои онҳо тамоми шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст, - гуфт Ш. Абдуназарзода.

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки лагерҳои истироҳатию фароғатӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 9, 3, 4 ва Листеи тамоюли технологии ба номи Назир Назирмадови шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, кӯдакону наврасон бо тамоми шароити лозимӣ ва хӯроки гарм таъмин мебошанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР




