Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Давоми панҷ моҳи сипаригардидаи соли равон дар вилояти Хатлон 11 ҳазору 620 маротиба хунсупорӣ ва плазмасупорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин хусус директори филлиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтар Ҷурахон Саидов ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон 3646 нафар донорони бори аввал дар ҳаёт хунсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ки 31,4 фоизи шумораи умумии хунсупорандагонро дар бар мегирад.
Зикр гардид, ки шумораи хунсупории донорони плазма 4,4 фоиз коҳиш ёфта, шумораи хунсупории донорони қарордодӣ 1,4 фисад, донорони ихтиёрӣ 1 фоиз, донорони хешу табор 0,3 фоиз ва донорони бригадаи сайёр 1,6 фоиз зиёд гардидааст.
Феълан шумораи умумии донорони хун дар вилояти Хатлон ба 10 ҳазору 299 нафар расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 273 нафар зиёд шудаанд.
-Донорони хун зери назорати доимии тиббӣ буда, ба онҳо мувофиқи нишондодҳо мунтазам ташхисҳои иловагӣ гузаронида мешавад, - гуфт Ҷ. Саидов.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



