Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ НУҲУМ ВА ПЛЕНУМИ ТАШКИЛИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ МИНТАҚАИ БОХТАР БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар шаҳри Бохтар Конференсияи IX-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори конференсия вакилони шаҳру ноҳияҳои минтақа, намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуда, фаъолияти Шӯро дар давраи солҳои 2021–2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар Раҳматулло Сафарзода оид ба фаъолияти Шӯро дар панҷ соли охир ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар ин давра фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон», қарорҳои мақомоти болоии соҳавӣ ва дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ба роҳ монда шуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии собиқадорон тадбирҳои муассир амалӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки собиқадорон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода, дар корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ фаъолона иштирок менамоянд. Намояндагони собиқадорон дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуда, дар байни аҳолӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаи давлатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ҷараёни ҳисобот гуфта шуд, ки дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазъи иҷтимоии собиқадорон беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи байналмилалии куҳансолон ба 68 нафар сокинони аз садсола боло кумаки яквақтаи молиявӣ расонида шуда, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба собиқадорон мунтазам кумакҳои моддиву молиявӣ пешниҳод мегарданд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои собиқадорон як қатор тадбирҳои ташкилӣ амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, шароити кории ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ беҳтар гардида, масъалаҳои музди меҳнати кормандон, ҳуҷҷатнигорӣ ва ташкили воҳидҳои кории иловагӣ ба танзим дароварда шудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ташкилотҳои маҳаллӣ ҳамасола озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ» баргузор гардида, фаъолтарин сохторҳо қадрдонӣ шудаанд. Зимни конференсия таъкид гардид, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 122 ташкилоти ибтидоии собиқадорон фаъолият дошта, беш аз 13 ҳазор нафарро муттаҳид менамоянд. Ин ташкилотҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳми назаррас доранд. Дар ҳисобот ба фаъолияти комиссияҳои доимии Шӯро низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Комиссияҳо масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонон, нақши занон дар ҷомеа ва ҳифзи саломатии собиқадоронро мавриди омӯзиш қарор дода, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор чорабиниҳои гуногун баргузор намудаанд. Қайд гардид, ки Шӯро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ хизматрасонии тиббӣ ба собиқадорон беҳтар гардида, барои онҳо шароити мусоиди табобат ва истироҳат фароҳам оварда шудааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯро арҷгузорӣ ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Дар ин замина бахшида ба 80-солагии Ғалаба силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, озмунҳо ва семинарҳо баргузор гардида, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои хотиравӣ ободу зебо карда шудаанд. Ҳамчунин як қатор китобҳо оид ба саҳми сокинони вилояти Хатлон дар таъмини Ғалаба ба нашр расидаанд. Дар конференсия ҳамчунин саҳми собиқадорон дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид. Собиқадорон дар бунёди роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти муҳим иштироки фаъолона доштаанд.
Зикр шуд, ки рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон», ки бо ташаббуси Шӯро таъсис ёфтааст, дар инъикоси фаъолияти собиқадорон ва тарғиби таҷрибаи пешқадам нақши муҳим мебозад. Дар давоми фаъолият рӯзнома даҳҳо шумора ба нашр расонида, ба минбари собиқадорони вилоят табдил ёфтааст.
Дар қисми дигари кори конференсия ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, фаъолияти молиявию ташкилии Шӯро қаноатбахш арзёбӣ гардид. Сипас вакилон ҳайати нави Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар, Комиссияи тафтишотӣ ва вакилони конференсияи ҷумҳуриявиро интихоб намуданд.
Баъд аз анҷоми конференсия Пленуми ташкилии ҳайати нави Шӯро баргузор гардид. Дар он ҳайати Раёсат, раиси Шӯро, муовинон, котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» ва ҳайати комиссияҳои доимӣ интихоб шуданд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки собиқадорон минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми фаъол хоҳанд гузошт.
Дар интиҳо маросими қадрдонӣ баргузор гардида, ба як қатор собиқадорони фаъол, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳамкорони фаъоли Шӯро барои саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Қайд гардид, ки қадршиносии меҳнати фидокорона барои боз ҳам густариш ёфтани ташаббусҳои созанда мусоидат менамояд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД 16:53
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН




