Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД
БАЛХӢ, 10 июн. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба манзили истиқоматии марҳум Файзалӣ Раҳимов ташриф оварда, ба пайвандону наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуданд.
Марҳум Файзалӣ Раҳимов, сокини деҳаи Балхиёни ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони худро аз даст додааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо аъзои хонаводаи марҳум таъкид намуданд, ки ҷоннисорӣ ва садоқати ӯ дар иҷрои вазифаи хизматӣ намунаи ибрат буда, хотираи некаш ҳамеша гиромӣ дошта хоҳад шуд.
Давлаталӣ Саид аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи марҳум кумакҳои пулӣ ва молӣ расонида, изҳор доштанд, ки хонаводаи Файзалӣ Раҳимов минбаъд низ зери ғамхорӣ ва дастгирии доимии мақомоти давлатӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳамчунин зимни мулоқот маълум гардид, ки оилаи марҳум дорои қарздорӣ мебошад. Раиси вилоят дастур доданд, ки қарзҳои мавҷуда пурра пардохт гардида, барои беҳтар намудани шароити зиндагии хонавода тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Пайвандону наздикони марҳум барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳои башардӯстона дар ин рӯзҳои сангини мусибат боиси тасаллӣ ва рӯҳбаландии онҳо мегардад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН




