Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
123 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун соли ҷорӣ дар майдони 4 ҳазору 23 гектар пиёз кишт кардаанд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 300 гектар зиёд мебошад.
Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Пирназар Нуров иттилоъ дод, то охири моҳи май ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектари ин навъи маҳсулот ба миқдори 123 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуда, пешкаши харидорон гардонида шудааст. Аз маҳсулоти ҷамъоваришуда 15 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот шудааст.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ кишоварзони ин ноҳия бояд 160 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба 400 сентнерӣ баробар мебошад.
Аксар кишоварзони ин ноҳия имрӯзҳо аз арзиши пасти ин навъи маҳсулот шикоят доранд. Нархи як килограмм пиёз то 20 дирам поён фаромадааст, ки деҳқонон ҳатто хароҷоти хешро намепӯшонанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



