Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАНҶГОНИКҲО СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД
Якуми июни соли равон, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон оилаи панҷгоникҳо аз ноҳияи Қубодиён соҳиби манзили нав шуданд.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, калиди хонаи навро ба ин оила раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим намудааст. Дар рафти таъдими калиди хона ҳамчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода низ иштирок кардааст.

Манзили истиқоматии ин оила бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, сокинони хайрхоҳ дар муддати се моҳ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, бо тамоми лавозимоти зарурии рӯзгор аз қабили яхдон, насимафкан, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва рахти хоб муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро, Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, ҳамеша зери назорати пизишкон қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён 30-юми декабри соли 2020 дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник таваллуд карда буд, ки ин аввалин таваллуди панҷгоник дар кишвар аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



