Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонони вилоят
Ҳамасола дар кишвар 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад. Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд, ки ҷавонон дар он фаъолона ширкат менамоянд.
Аз ҷумла, дар доираи «Як моҳи ҷавонӣ» чорабиниҳои гуногун, конфронсу аксияҳо, суҳбату мулоқот, ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 19 майи соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар мулоқоти Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ҷавонони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Қурбон Ҳакимзода ҷавонони вилоятро табрик намуда, нақши онҳоро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад.
Зикр гардид, ки шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1026145 нафарро ташкил менамояд. Аз ин теъдод 338636 нафар ҷавонони вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонони фаъолу эҷокор, олимони ҷавон, донишҷӯён тадбирҳои судманд меандешад. Дар доираи ин дастгириҳо ҳамасола ба зиёда аз 200 нафар устодону олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони аълохон стипендияи номии раиси вилояти Хатлон тақдим карда мешавад.

Дар вохӯрӣ чанд тан аз ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии вилоят барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбати ҷавонон ба раиси вилояти Хатлон изҳори сипосу минатдорӣ намуданд. Як қатор ҷавонони фаъол бо сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Санъаткорони ҷавони вилоят бо дастагули шеъру таронаҳои рангину дилангез хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



