Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Ба хотири муайян намудани ҳаҷми хисорот аз офати табиӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб масъулони сохторҳои марбута рӯйхати 30 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳрро ба унвонии комиссияи рафъи оқибатҳои офати табиӣ пешниҳод намудаанд. Ба хотири ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми ташкилоту муассисаҳо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кумакҳо ба зарардидагон омодагии хешро изҳор намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аввалин корвони кумакҳои хайриявӣ ба зарардидагони офати табиӣ ба шаҳри Кӯлоб расид. Корвони кумак иборат аз 100 тонна семент, 40 тонна орд, 40 тонна пиёз, 40 тонна картошка, 20 тонна биринҷ, 20 тонна шакар, 20 тонна равған, 5 ҳазор метри квадратӣ шифер, 200 куб тахта, 1200 дона рӯйпўш, болишт, курпача, 20 тонна арматура, 1 тонна гӯшт, 1 тонна мех аллакай рӯзи 12 май ба шаҳри Кӯлоб расида буд. Дар ин шабу рӯзҳо инчунин, аз 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз 13 мошини кӯмак иборат аз маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар маводҳои рӯзгор дар ҳаҷми аз 3 то 5 тоннагӣ ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид. Ҳамчунин санаи 13 -уми май бо супориши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Истаравшан 12 мошини пурбор иборат аз маводи хӯрока, пушока, либосворӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор барои сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуд.

- Тӯли чанд рӯз аст, ки ба мардуми зарардида кумакҳои расонидаи шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар дастрас гардида истодааст, - иброз дошт Бахтиёр Сафаров, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб.
Мувофиқи маълумотҳои масъули Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Саидмудассир Раҳматзода аз ҳисоби ниҳоди мазкур 13 мошини оташнишонӣ, 32 насосҳои обкашӣ ва 320 нафар хизматчиёни ҳайати шахсӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ хизмат расонида истодаанд.
Оламбӣ Насриддинова, сокини кӯчаи С. Даминзодаи шаҳри Кӯлоб, иброз медорад, ки бар асари офати табии манзили истиқоматии онҳо пурра хароб гардида, ҳоло 8 нафар узви оилаи онҳо таҳти парастории ҳукумат қарор доранд. Сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорам, ки дар ин шабу рӯз бо дастгириву кумакҳои мақомоти давлатӣ мо танҳоиро эҳсос надорем. Таваҷҷуҳи беандозаи сохторҳои дахлдор ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба мо неруи тоза мебахшад то ин имтиҳони ҳаётиро бо сабру қаноатмандӣ паси сар намоем.
Сафар Назаров, сокини кӯчаи Содиқови шаҳри Кӯлоб иброз медорад, ки қаблан 29 сол пеш ба асари боронҳои шадиду омадани сел хонаву кӯчаҳои онҳо зарар дида буд. Он солҳо, ки тирезаҳои хонаҳои мо пасттар буд ба даруни ҳуҷраҳои истиқоматиамон ҳам селоба даромада буд. Баъди он офати табии мо аз пушти хонаҳо деворҳои бетонӣ бардошта, тирезаҳои пастро девор гирифта, тирезаҳои хонаҳоро баландтар насб карда будем. Аммо хисороти боронҳои шадиду селовардаҳои рӯзи 12-13 –уми майи соли ҷорӣ нисбатан зиёд аст.
Бинобар гуфтаи Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, то санаи 18 май шумораи манзилҳои пурра вайроншуда дар шаҳри Кӯлоб ба 33 адад мерасад. Ҳамчунин, ҳудуди якуним ҳазор манзилҳои истиқоматии сокинони ин шаҳр аз асари селу боронҳои шадид қисман зарар дидаанд.
Билоли ШАМС, шаҳри Кулоб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



