Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
338 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ба хотири созовор пешвоз гирифтани ҷашни пурифтихори миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз 365 иншооти ба нақша гирифташуда, 338-тои он бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Эркин Туйчиев зимни суҳбат гуфт, аллакай 92,6 фисади иншооти ба нақша гирифташуда сохта шуданд.
Иншооти бунёдшуда, таъмиру азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи томактабӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 10 маркази саломатӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 4 дукони ҳунармандӣ, 17 иншооти саноатию истеҳсолӣ ва 3 сардхона мебошанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус Майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии Тус, маркази хизматрасонӣ, тўйхона ва меҳмонхонаи “Марҳабо”, қаҳвахона ва меҳмонхонаи “Чорбед”, маркази хизматрасонии 3 ошёна ва меҳмонхонаи “Ваҳдат” шуъбаи маориф, қаҳвахонаи “Наврӯз” сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин дар чанд иншооти дигар аз қабили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №34, №54 ва №40, майдончаҳои варзишӣ, комплекси хизматрасонӣ ва нуқтаи шустушӯи нақлиёт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки то ин ҷашни фархунда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



