Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ШОҲМОТ»
Бозии шоҳмот ин бозии қадимаи мардуми ориёинажод ва бозии машҳури имрӯзаи олам низ дар ҳаёти устод Мирзо Турсунзода хусусиятҳои хоси худро дорад. Аз хотираи бисёре аз шоиру нависандагони замони шӯравӣ маълум мегардад, ки устод ин бозии қадимаи миллатамонро бисёр дӯст медоштааст ва ҳатто дар ҳолати бархе аз бохтҳо малол низ мешудааст.
Дар чунин ҳол ба андешаи банда самияти устод Мирзо Турсунзода, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш ба ҷомеа, ба миллат, ба шогирдон, ба шеъри тоҷик дошт, пеши назар меояд. Ба пиндори банда чунин самимияти устод барои ӯ нисбати бозии шоҳмот низ хос ҳаст. Устод дар бозиҳои зиёди хеш бо ҳарифони зиёде, ки бархе аз онҳо ходимони намоёни давлатӣ ва фарҳангӣ ва касбу кори гуногун будаанд, бозӣ карда, шаҳди ғалабаро чашидааст ва ҳамчунин табиист, ки бархе аз бозиҳоро низ бохтааст.
Ҳоло бошад, аз яке аз вохӯриҳои аҷибаш қисса мекунем. Устод на танҳо бо қаҳрамони ҷаҳонии шоҳмот Тигран Петросян, балки бо дигар нобиғагони бозии шоҳмот низ бозӣ намудааст. Аз китоби хотираҳои нависанда Михаил Левин маълум мегардад, ки устод Турсунзода бозии шоҳмотро дӯст медоштааст ва боре дар сафар дар шаҳри Москва дар меҳмонхонае, ки ҷой гирифта буд омада мебинад, ки ҳамсояхонаи ӯ зӯр зада, вақти хунукӣ дари утоқи худро кушоданист, лекин онро кушода натавониста истодааст. Устод бошад дарав ба ин ҳамсояи ношиносаш рӯ оварда мегӯяд, ки сирри ин кулфҳои англисиро ӯ медонад ва дари ҳуҷраи хобашро кушода медиҳад. Баъдан устод чун меҳмоннавоз буд, ин ҳамсояи навашро ба меҳмонӣ ба утоки худ даъват мекунад. Меҳмон баъди чанде вориди утоқи ӯ мегардад ва устод барои меҳмон дастурхон кушода, коняки тоҷикӣ мерезад ва дар омади гап мепурсад, ки оё меҳмон шоҳмот бозида метавонад? Баъди шунидани ҷавоби тасдиқкунанда устод хурсанд шуда, даррав шоҳмотҳоро барои бозӣ намудан тайёр мекунад. Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда иброз медорад, ки барои дилгарми 1-2 давр бозӣ мекунанд. Ҳеҷ гап нест, натарсад худи ӯ низ он қадар шоҳмотбози зӯр нест, иброз медорад устод Турсунзода. Баъди гашти аввал устод бой дода, мегӯяд эҳ чи тавр? Баъдан боз 2 даври дигар бозӣ мекунанд ва мутаасифона дар ин даврҳои боқимонда низ устод дар як гашт бой дода, хело авзояш парешон мешавад. Меҳмон аз ҷояш хеста мегўяд, ки Мирзо Турсунович зиқ нашавед, шумо бо худи Михаил Тал бозиро бой додед!
Аз ин суханҳои меҳмони ношиноси худ устод ба ханда омада, дасти ҳамдигарро мефишоранд. Он вақт Михал Тал шоҳмотбози овозадор ва чемпиони вақти ҷаҳон буд. Баъдан устод доимо вақти бозиҳои шоҳмот ин вохӯрии ғайриодии худро бо Тал ба ёд оварда иброз медоштааст, ки ӯ бо худи чемпиони ҷаҳон Михаил Тал бозӣ кардааст. Чунин вохӯриҳои аҷиб дар силсиласафарҳои устоди гаронмоя Мирзо Турсунзода зиёданд.
Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД