Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОКИНОН БА ҶОЙИ БЕХАВФ КУЧОНИДА ШУДАНД
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бар асари омади ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 12 хонаҳои сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихор пурра вайрону валангор шудааст. Ҳамчунин аз ин офати табиӣ як пули мошингузар, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо ноҳияи Ёвон мепайвандид ва заминҳои кишти сокинон зарар дидааст.
Сухангӯи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов иттилоъ дод, ки аллакай сокинони зарардида ба ҷойи бе хавф ба мактаби №50 кучонида шуданд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷо ситод ташкил шуда, хисороти зарар муайян карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



