Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“ҚАРАБОЛО” ТАЪМИР ШУДА ИСТОДААСТ
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи 20 шуъбаҳои Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов шаҳри Бохтар таъмир карда мешаванд.
Сардухтури беморхона Баҳодурзода Хушнуд зимни суҳбат зикр кард, ки ин кор бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорони ҳимматбаланд ва худи кормандони беморхона амалӣ шуда истодааст.
Қисмати зиёди шуъбаҳо аллакай таъмир шуда, дар чандеи дигар корҳои рангуборкунӣ бо маром идома дорад.
Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонӣ мушкилоти таъминоти об дар беморхона, ки чанд сол боз идома дошт роҳи ҳал пайдо хоҳад кард. Баъди таъмир шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Масъулини беморхона дар баробари корҳои ободонӣ ба сарсабзу хуррам гардонидани гирду атроф диққати ҷиддӣ додаанд. Дар майдончаҳои саҳни беморхона гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба ҳусни беморхона зебогӣ зам мекунад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



