Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷовидон бошӣ, модар!
Модар, чӣ вожаи азизу муқаддас аст, ки ҳатто ба забон оварданаш ҳам ба кас тавону неру мебахшад. Бале, ҳама ҳастии мо аз бузургиву муҳаббати бепоёни модарон аст. Модаронанд, ки моро бо ноз парварда, аз ранҷу заҳмати худ лаб во намекунанд. Модаронанд, ки ҳаёт зебову гуворост ва моро ба некию накукорӣ ҳидоят мекунанд. Ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд».
Боре иттифоқ афтоду бо пирамарде ҳамсуҳбат шудам, ки суханони ҷонгудози ӯ дар хотирам абадӣ нақш бастааст. Он марди хирадманду нексиришт ба модару кӯдакон ва раҳгузароне, ки ғолибан ҳамроҳи модарони худ аз назди мо мегузаштанд ба ҳавас дида духта мегуфт: «Оҳ, чӣ давлати бузургест модар доштану аз меҳру муҳаббат ва суҳбати дилнишини вай баҳра бардоштан. Он лаззату фараҳмандии нотакрорро аз дидору ҳамнишинӣ ҳамроҳи модарони худ на ҳама дарку эҳсос мекунанд. – Модарамро дар хотир надорам. Хурд будам, ки ӯ аз дунё гузаштааст. Кӯдакону наврасонро ҳамроҳи модаронашон дида, ба фикру андеша ғутавар мешавам, ки чеҳраи модари ормонии ман чӣ гуна буд? Ба гоҳи ба чашмони мани тифл дида дӯхтан чӣ фикру хаёле дошт? Инак ман- ин ҷигарбанди ташнаи дидори модар, ки симои модари худро дар хотир надорам, ҳангоми ёди модар намудан чеҳраи фариштамонандеро тассавур мекунам, ки бо нигоҳи пурмеҳраш қалби шикастаамро малҳам ва хотироти дар ёди ӯ парешонгаштаро таскин мебахшад.
Нигоҳи пурмеҳр, оғӯши гарму садои хушу форам ва дасти дуои модарон ин ҳама неъматҳои ҳаётӣ ормони ман гашт. Азизтарину муқаддастарин инсонҳоанд модарон, ба қадрашон бирасед!».
Аз гуфтори он пирамарди нуронӣ метавон хулоса баровард, ки инсон новобаста ба синну соли худ ба модар, меҳру муҳаббат ва суҳбатҳои роҳнамову дасти дуои модарон ниёз дорад. Модарон бесабаб нагуфтаанд, ки нахлу наботот бо об месабзанду инсон бо дуо ва бахусус дуои модарон.
Модарон ҳамеша дар талошанд, ки фарзандон осудаву солим ва аз зумраи шахсиятҳои сазовори ҷомеа ба камол бирасанд. Дарвоқеъ, баъди Офаридагор танҳо ҳамин модарон, ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон аст, ки ба фарзанд ҳаёт бахшида, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро меомӯзад. Модарон мебошанд, ки дар раванди тарбия фарзандон дар қалби онҳо эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накукорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд оварда, барои саводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани онҳо саъю талош менамояд.
Танҳо модар аст, ки ба хотири тарбияву ташаккули зеҳнии фарзанд шабонарӯз заҳмат кашида, омодааст, то ин ки ҳама умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ намояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандони худ мебошад.
Фарзанд новобаста ба синну сол барои модари худ ҳамон тифли азизу ширини дирӯза аст, ки ҳамеша ба навозишу тарбияву насиҳат ниёз дошта, умре мекӯшад то дарду доғи фарзандро набинад. Зеро модар фарзандони худро бо ҳама ҳастӣ ва ҳатто бештар аз ҷони худ дӯст медорад. Ин ҳама эҳсоси беназиру муқаддаси модар нисбат ба фарзанд аст, ки модар барои ҳар инсони комил ниҳоят азизу гиромӣ аст. Ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрӯз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ӯро ситоиш мекунанд.
Дарвоқеъ ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки хизмати модарро ба ҷо наоварем, вале ба қавли шоир якшаба ранҷу заҳмати барои фарзанд кашидаи модарро ҷуброн карда наметавонем:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Умедҷон САЙФИДДИНОВ, ассистенти кафедраи курси амалияи забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?


