Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИНСОФ ВА ВИҶДОН
Дар ҷомеаи имрўза боз нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи фиреб, дурӯғу аёрӣ даромади муфт ба даст оранд. Чунин ҳодисаҳои нобахшиданиро бештар дар бозорҳо вохӯрдан мумкин аст. Аниқтараш, савдогар моли пастсифату бо нархи арзон овардаашро ба харидор таъриф намуда, онро бо арзиши гарон мефурӯшад. Ё амали ширфурӯшҳоро гирем. Онҳо моҳи шарифи Рамазонро ба «моҳи бизнес» табдил дода, ширро нисбати рӯзҳои муқаррарӣ ба маротиб қиматтар мефурӯшанд.
Ин гуна далелу ҳодисаҳо кам нестанд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло чанд ҳодиса ва андешаҳои хонандагони худро дар ин мавзуъ рӯи коғаз овардем.
Пулҳоро ба «соҳибаш» баргардонидаму маро девона хонданд.
Духтарчаам як рӯз қабл аз зодрӯзаш аз ман хоҳиш кард, ки барояш радиои дастӣ туҳфа кунам. Радиои дасти ҳамон шабу рӯзи солҳои баъди ҷанги шаҳрванди 35 сомонӣ қимат дошт. Аммо «дар ноомадии кор атола дандон шиканад», гуфтани мақоли мардумӣ рост будааст. Дар он рӯзҳо танқисии пул ҳис мешуд. Аз ин рӯ, дар ҷайбам ин миқдор маблағ надоштам. Субҳ ба ҷойи кор омада, аз ҳамкорон пул қарз пурсидам. Онҳо ҳам њоли маро доштаанд, мушкиламро бароварда натавонистанд. Қарибиҳои нисфирӯзї бошад ба хонаи як шинос ба ҷанозаи падараш хабар карданд. Хонаи шиносам дар гӯшаи дигари шаҳр воқеъ буд.
Ҳамроҳи ҳамкорам Саидзода ба маршрутка нишаста, дар гардиши маҳаллаи зисти шиносам, ки он ҷой истгоҳи охирини нақлиётҳои мусофирбар буд, фаромадем. Дар қисмати қафои маршруткаи дар навбатистода як қабза сомонӣ рӯйи роҳи мумфарш парешон мехобид. Аз нақлиётҳои мусофирбар дуртар се- чор зан ва ронандаҳо дар дохили яке аз маршруткаҳо машғули суҳбат буданд. Нафаре ба пулҳо диққат намедод. Ҳамкорам низ онҳоро зер карда гузашт. Ман ӯро аз роҳ боздоштам ва ҳарду пулҳоро (ҳамааш беш аз 500 сомонӣ буд) ҷамъ овардем. Ду панҷа пур аз сомонӣ шуд. Аввал ба занҳо муроҷиат карда «Ин пулҳои шумо?» гӯён пурсидам. «Шоят аз ронандаҳо бошад», посух доданд онҳо.
Дар ин лаҳзаҳо ба Саидзода нигаристам. Ӯ аз рафтори ман њайрон шудаю дар рӯяши ранг намонда буд. «Муаллим, садо накунед, охир ин пулҳоро Худо додааст», бо овози ларзон аз банда хоҳиш намуд. Вале виҷдонам набардошт, назди ронандаҳо рафта муроҷиат намудам, ки ин пулҳо аз кист? Аз байни онҳо ронандае шитобкорона киссаҳояшро даст-даст карда, «Аз ман, аз ман», гӯён пулҳоро аз дастам гирифту ҳатто раҳмат ҳам нагуфт. Ҳамкорам акнун аз гап монда буд, амали ман ӯро бехуду лол гардонд.
Раҳораҳ, ҳар замон, аламаш зиёд мешуд. «Муаллим, кори нағз накардед худатон –ку аз пагоҳӣ пул мепурсидед, аммо онҳоро ёфта, боз ба даста додед. Напурсидаю муайян накарда, онҳоро ба шахси бегона супоридед. Боварӣ дорам, ки ин пулҳо аз он ронанда набуд. Ақаллан барои хӯроки нисфирӯзӣ ва харидани радио як миқдорашро нагирифтед!», - мегуфту даст ба пешонӣ мезад.
Баъди маросими ҷаноза савори маршруткаи ҳамон ронандаи «Худодод», ки пулҳои «гумкардааш»-ро баргардонида дода будем, ба маркази шаҳр баргаштам. Ронанда худро ношинос намуда, ба мо диққат ҳам надоду ду сомонӣ раҳкиро гирифт.
- Ана дидед, ба ивази хубиатон боз роҳкирои ночизро низ аз мо гирифт, - гуфтаи Саидзода аламамро овард.
- Баробари ба идора ворид шудан, Саидзода ҳамаи ҳамкоронро аз воқеаи рухдода огоҳ кард.
- Ака, шумо девона шудаед магар ? Ҳоло кӣ ин миқдор пулро ёфта, боз онҳоро баргардонида медиҳад? - маслиҳат кардагӣ барин гуфтанд ҳамкорон бо як овоз.
- Шояд девона бошам, вале виҷдонам пок монд, посух додам.
- Аз тозагии виҷдони шумо то ба ҳозир ман ба худ наомадаам, - оҳу воҳ мекард Саидзода.
- Ҳамкорон чанд рӯз рафторамро «муҳокима» карда, маро девона бароварданд. Вале ман аз кардаи худ пушаймон набудам, акнун виҷдонам азоб намедиҳад…
А.СОҲИБ, шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД


