Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САНҶИШИ «ВИҶДОН»
«Вақтҳои охир дар баъзе одамон виҷдон ҳам намондааст», гуфтани баъзеҳо водорам намуд, ки барои исботи ин даъво дар байни одамон тадқиқоти журналистӣ гузаронам бо ҳамин ният яке аз савдогарони бозорро, ки асбобҳои рўзгор савдо мекунанд, ба ҳамкорӣ розӣ кунондам. Дар дохили ҳамёни ғафсе хатчаеро бо навиштаҷоти «инсофат куҷо шуд ҳамёнро ба ҷояш гузор?!» гузошта дар паҳлуи асбоби мантупазӣ гузоштем.
… Харидорони чашмашон ба ҳамён афтода худро гум карда, бесаранҷом мешуданд. Эҳтиёткорона гирду атрофро аз назар гузаронида, сипас ноаён онро ба ҷайбашон меандохтанд. Дуртар аз нуқтаи савдо ҳамёнро кушода, хатчаро бароварда мехонданд. Шояд бо гумони нафаре онҳоро назорат мекунад, онро боз ноаён зери пой мепартофтанд.
Марди миёнасол ҳамёнро дида, ба он наздик мешавад. Вале ҷуръати гирифтан намекунад ё шояд метарсад, ки онро каси дигар дида, аз ӯ пештар мегирад. Атрофи чойнаку пиёлаҳо давр мезанад, нархашонро аз фурӯшанда пурсон мешавад. Аммо ҳушу ёдаш ба ҳамён аст, аз он чашм намеканад. Боз назди ҳамён бармегардад. Ба атрофиёну фурӯшанда менигарад. Ба гумонаш ҳама тарафи ӯ нигариста, амалашро назора мекарда, бошанд, ки ҳамоно ҷуръати гирифтани ҳамёнро намекунад. Ӯ мантупазаки дар паҳлуи ҳамён бударо ба даст мегирад. Сарпӯши онро бардошта, бодиққат дохилашро аз назар мегузаронад. Гӯё дилпур мешавад, ки мантупазак иллате надорад, онро бо ҷояш мегузорад. Сипас, зуд ҳамёнро гирифта, дохили мантупазак гузошта, сарпӯшакро мепӯшонад ва онро харидорӣ карда, аз назди савдогар дур меравад. Баъди фурсате, дохили ҳомёнро (ба ғайр аз хатча) холӣ дарёфта, назди фурӯшанда бармегардад. Асбоби мантупазиро ба фурӯшанда баргардониданӣ мешавад. Савдогар бошад, бо нимтабассум ба навиштаҷот болои сараш ишора мекунад: «моли фурӯхташуда пас гирифта намешавад;»
Бо дахолати мо ва маслиҳати пешакӣ маблағи харидор баргардонда шуд. Ҳамин тавр ҳамон рӯз аксарияти одамон аз санҷиши «Виҷдон» нагузаштанд…
А.АХТАР, рӯзноманигор.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



