Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Агар ҳама одамон боинсоф мешуданд…
Фарзона, 30- сола:
- Виҷдон чизи хуб аст. мутаассифона, имрӯз иддае аз одамон барои манфиати худ ҳатто виҷдонашонро мефурӯшанд.
Бобои Ҳаким, 67- сола!
- Бародар, аз инсоф ҳарф заду алами куҳнаам рӯ зад. Охири моҳ нафақапулиамро гирифта, ба бозор рафтаму барои рӯзгор маводи ғизоӣ харид кардам. Дар охир аз дукончае барои набераҳо ширинӣ гирифтам. Пирӣ-да, ду кило гӯшту ҳамёнамро дар назди фурӯшанда фаромӯш кардаму дигар борҳоямро бардошта рафтаам. Вақте, ки дубора назди фурӯшанда ба суроғи гӯшт ва ҳамён баргаштам, ӯ «ҳеҷ чизро надидам, ҳеҷ чизро намедонам» гӯён болои сӯхта намакоб, боз носазо сухтанҳо гуфт.
Дилором 37- сола:
- Ба қарибӣ ҳуҷҷатҳоямро дар бозор гум кардам.
Дар дохили онҳо 200- сомонӣ доштам.Ба хотири ҳамин миқдор маблағ ҳуҷҷатҳоямро нафари ёфта барнагардонд. Магар ин амал аз рӯйи виҷдону инсоф аст?
Салимшо, 41- сола:
- Агар имрӯз ҳама одамон инсоф ва виҷдон медоштанд, олам гулистону боварӣ ба якдигар зиёд мешуд. Афсӯс ки ин тавр нест…
- Аз муаллиф: Аз андешаронии ҳамсуҳбатонамон низ чунин бармеояд, ки инсофу виҷдон барои иддае аз одамон бегона аст, онҳо пеш аз ҳама, манфиатҳои худро аз чунин хислатҳои неки инсонӣ боло гузошта, доғи ҷомеаи навинанд. Бо амалу рафтори манфии хеш дилеро озурда, назди Эзиди пок гунаҳкор мешаванд, дар ҷомеа мақому обрӯ аз даст медиҳанд.
Хонандагони азизи маҷаллаи «Сафо»! Шумо дар бораи ин масъалаи муҳим чӣ андеша доред?
С. СОЛЕҲ, «Сафо»Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



