Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВ ДАР ПАНҶ
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Соҳибов дар Ҷамоати деҳоти “Меҳвар”-и ноҳияи Панҷ корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ ба фаъолият оғоз кард. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида дар муҳлати муқарраргардида ва сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, корхона бо харҷи 1,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ бунёд шуда, барои 15 нафар сокинони маҳалли шароити хубӣ корӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои корхонаи як ошёна буда, аз шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 1100 адад нон (хлеб) буда, масъулин нақша доранд минбаъд истеҳсолро зиёд намоянд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи як сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз фаъолияти ин корхона дидан карда, ба масъулин ҷиҳати зиёд кардани истеҳсол дастуру маслиҳатҳои судманд додааст.
Сулаймон СУЛТОНОВДобавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



