Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС
Дар доираи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30–солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмос бо номи “Мавсимӣ” ба кор оғоз кард.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, ки сохтмони корхона моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расид. Дар бунёди он зиёда аз 3 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ 40-45 тонна яхмос буда, зиёда аз 35 намуди яхмосҳои хуштамъ дар он истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти корхона аллакай харидорони хешро пайдо карда, яхмосҳои истеҳсолшуда дар бозорҳо ва мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби корхона барои сари вақт таъмин кардани нуқтаҳои фурӯш бо маҳсулот 7 техника ҳамарӯза дар хизмати мизоҷон қарор дорад.
Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаи болозикр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок кардаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, ки сохтмони корхона моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расид. Дар бунёди он зиёда аз 3 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ 40-45 тонна яхмос буда, зиёда аз 35 намуди яхмосҳои хуштамъ дар он истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти корхона аллакай харидорони хешро пайдо карда, яхмосҳои истеҳсолшуда дар бозорҳо ва мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби корхона барои сари вақт таъмин кардани нуқтаҳои фурӯш бо маҳсулот 7 техника ҳамарӯза дар хизмати мизоҷон қарор дорад.
Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаи болозикр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок кардаанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



